logo

фарҳанг

"РОҒУН" ВА САРФАРОЗИИ ДОНИШҶӮЁН

Дар Вазорати маориф ва илм вобаста ба баргузории ҷамъомади тантанавӣ ва барномаи бошукӯҳи консертӣ бо ҳунарнамоии санъаткорони касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии шаҳри Душанбе ҷаласаи вижа доир шуд.
Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мавсума Муинзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ширкат варзиданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода бори дигар аз аҳамият ва шукӯҳи НБО «Роғун» ҳарф зада, иброз дошт, ки чорабинии фарҳангии дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузоршуда, дар сатҳи хеле олӣ сурат гирифт.
- Дар барномаҳои фарҳангӣ ҳисси баланди худшиносӣ, саҳнаҳои ҷолиб, видеороликҳои мувофиқу муносиб ва рақсу сурудҳои шуниданиву диданӣ намоиш дода шуданд. Аз ин сабаб, сипосгузории махсуси Пешвои миллатро ба ҳунармандон, бавижа донишҷӯён, изҳор медорем, - баён дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
- Оғози кори агрегати якуми НБО «Роғун» барои кулли мардуми Тоҷикистони азиз воқеан фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад. Зеро ин неругоҳ омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардум мебошад. Ин аст, ки чорабинии мазкурро донишҷӯёни мо бо дас-ту дили гарм ва эҳсоси баланди хештаншиносӣ гузаронданд. Онҳо ботинан ҳис мекарданд, ки ҳунарнамоии эшон як пора аз таърихи давлатдории навини мо хоҳад шуд, - изҳор дошт Нуриддин Саид.
Мавсума Муинзода низ дар фарҷом сипосу миннатдории раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба тамоми иштирокдорони чорабинӣ расонд.
Б. БАҲОДУР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2018    №: 231    Мутолиа карданд: 845
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед