logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ёқуб Тоҷиев соли 1944, баъди хатми Донишкадаи якуми тиббии шаҳри Москва ба номи И. М. Сеченов ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад ва дар ҳайати фронти 3 - юми Прибалтика ва 1 - уми Украина ба сифати духтури полк, сардори хизмати тиббӣ – санитарӣ баҳри ҳифзи сиҳатии ҷанговарони маҷрӯҳ заҳмат кашида, инчунин, дар беморхонаҳои Венаву Будапешт ҳам аскарони захмӣ ва ҳам мардуми азияткашидаро табобат менамуд.  Соли 1947 ӯ ба зодгоҳаш баргашт, ба табобати мардум пардохт ва то ба вазифаи мудири шуъбаи тандурустии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) расид, зеро бар замми табиби ҳозиқ будан, маҳорати фавқулодаи ташкилотчигӣ ҳам дошт. Сипас, ба илм рӯ овард. Мехост таҷрибаи дар солҳои душвори ҷанг ва солҳои барқарорсозии баъдиҷангӣ ҳосилнамудаашро аз ҷиҳати илмӣ асоснок созад. Идеяи устуворсозӣ ва такмил додани фаъолияти хизмати амбулаторӣ – дармонбахшӣ аз тарафи Ёқуб Тоҷиев дар рисолаи номзадиаш эҷодкорона тадқиқ гардид.
Соли 1954 Ёқуб Тоҷиев муовини вазири тандурустии Тоҷикистон таъйин мешавад. Баъди ин, вазъи на танҳо кафедраҳо, балки ҳолати донишкадаи тиббӣ, хобгоҳи донишҷӯёну аспирантҳо, сатҳи зиндагии олимони соҳа ба куллӣ тағйир ёфт, рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ҷойгоҳи истеъдоди ӯ дар ташкили соҳаи тандурустии аҳолӣ, дар тайёр намудани мутахассисон, ба нақша даровардани сохтмони биноҳои беморхонаҳои бисёрсоҳа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мустаҳкам кардани соҳаи таъминоти моддию техникӣ, коҳиш додани сатҳи бемориҳои сироятӣ шоиста аст. Заҳмати арзандаи Ё. Тоҷиев буд, ки дар соли 1960 сафи донишҷӯёни донишкадаи тиббӣ даҳҳо маротиба афзуд ва соли 1971 ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон категорияи якум дода шуд ва соли 1980 дар шумори 10 беҳтарин муассиса ҷой гирифта, сазовори номи донишгоҳ гардид.
Ёқуб Тоҷиев соли 1970 дар мавзӯи «Тандурустӣ ва солимгардонии одамон дар Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намуд.
Ӯ муаллифи зиёда аз 160 асар, аз ҷумла 12 рисола, китобҳои дарсӣ оид ба масъалаҳои ташкили тандурустӣ, саломатии ҷомеа, таърихи тибби халқҳои Осиёи Миёна, тарзи ҳаёти солим ва ғайра аст. Дар навиштани асарҳои илмӣ аз сарчашмаҳои таърихӣ ва илми муосир фаровон ва эҷодкорона истифода мебурд. Бисёр асарҳои илмиаш бо забонҳои гуногун дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидаанд.
Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон Ёқуб Тоҷиев барои хизматҳояш бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи 1 ва 2, «Ситораи сурх», «Нишони фахрӣ», 11 медал ва ифтихорномаҳои зиёд қадр шудааст. Бисёр шогирдонаш номзади илм, доктору профессор ва академики соҳаи тибби Тоҷикистонанд.
16 октябри соли 1996 дар синни 78 дунёро падруд гуфт. Ӯ 40 сол бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамкорӣ дошт, имрӯз низ донишҷӯён аз китобҳои дарсии ин олим истифода мебаранд. Агар ҳам аз дидаҳо рафта, аз дил нарафта. Зикри хайр номи  ӯро зинда намудааст.   
Мирзомаҳмуд МИРБОБОЗОДА, Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2018    №: 232    Мутолиа карданд: 857
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед