logo

маориф

ИСТИҚЛОЛИЯТ. МО НАСЛИ ХУШБАХТЕМ!

Мусаллам аст, ки дар замони истиқлолият таҳти роҳбарии фарзанди барӯманду фарзонаи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими давлатдорӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардиданд. Ва имрӯз ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд.
Тайи понздаҳ соли охир, дар соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсили миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки ҳамчун дастоварди шоистаи даврони истиқлолият дар соҳаи маориф ба имзо расид, Созишнома дар бораи эътирофи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба шумор меравад. Ҳуҷҷати мазкур ба хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар имкон медиҳад, ки дар давлатҳои Аврупо низ фаъолият карда, донишу таҷрибаи худро таҳким бахшанд.
Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ Ҳукумати мамлакат ҳаҷми маблағгузориро ба соҳаи маориф мунтазам зиёд менамояд. Тадбирҳои  то ба имрӯз андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, тавре мебинем, боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ гардида, ба амалишавии афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, саводнокиву маърифат ва дар маҷмӯъ, ба пешравии ҷомеа, болоравии сатҳи зеҳнияти он ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сазовори аҳолӣ таъсири мусбат гузоштаанд.
Дар баробари ин, солҳои охир ҷиҳати гуманитарикунонии таълим дар низоми таҳсилот тадбирҳои назаррас амалӣ гардида, ба омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ диққати бештар дода шуда, фанҳои риёзӣ ва табиӣ афзалият доранд. Ин иқдом боис шуд, ки шароити кор ва сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот торафт бештар гардад.
Тибқи супориши Роҳбари давлат ҳар сол муассисаҳои омӯзиши касбу ҳунар ва марказҳои таълимии калонсолонро қариб 100 ҳазор нафар шунавандагон хатм карда истодааст. Ҳукумати мамлакат, инчунин, ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар пайваста кӯшиш намуда, аз соли 2008 зиёда аз 10 ҳазор ҷавонони кишварро танҳо тибқи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти ҷумҳурӣ «Дурахшандагон» ва беш аз 20 ҳазор нафарро дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фиристодааст.
Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти калонро касб намудааст. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд. Истиқлолият ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд.
Санавбар АНДАЛЕБОВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 59 - и ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2018    №: 232    Мутолиа карданд: 900
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед