logo

фарҳанг

"ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ". КИТОБ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем, мебинем, ки ин миллати куҳанбунёду тамаддунсоз дар ҳамаи давраҳои таърихӣ пайроҳаҳои пурпечутобро тай намуда, бо нерую қудрат ва тавоноии худ то ба замони мо омада расидааст. Бояд зикр намуд, ки дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ҳамеша баҳри пойдории  он саъю кӯшиш ба харҷ додаанд. Ҳамакнун ин рисолатро дар охири асри XX ва аввали асри XXI Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтанд.
Суханрониҳо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо забони ноби модарӣ ва ҳам оид ба рушду такомули он, нашри осори илмию адабии классикон бо ҳуруфи кириллӣ, тарҷумаи осори адабию илмии олимони ҷаҳон, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бозгӯкунандаи ғамхорӣ ва муҳаббаташон нисбат ба забон мебошанд.
Нашри ин китоб бо таҳлилу баррасии амиқу дақиқ, нишон додани умумият ва фарқи забони тоҷикӣ аз дигар забонҳо ва ҳамзамон, ба риштаи таҳқиқ кашидани давраҳои таърихии забон бо усул ва нигориши равону оммафаҳм аз он шаҳодат медиҳад, ки муаллиф дар таълифи китоб дар баробари олимону донишмандон насли ҷавонро низ дар назар гирифтаанд. Дар ин хусус дар қисмати аввали китоб менигоранд: «Ҳадафи асосии мо он аст, ки хонандагон, махсусан насли ҷавони мо, огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд».
Таҳлил ва мушоҳидаи мутахассисони Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишон дод, ки аз соли 2016 инҷониб, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» яке аз китобҳои серхонандатарини ҷавонон, олимон ва муҳаққиқони забон  ва таърихи миллати тоҷик мебошад.
Боварии комил дорем, ки нашри китоби аввали «Забони миллат – ҳастии миллат» заминаи хубе барои нашри китоби дуюм доир ба дигар марҳалаҳои таърихии забони тоҷикӣ хоҳад буд ва ин асар асрҳо дар авроқи худ бузургию асолати забони тоҷикӣ, созанда ва пуриқтидор будани онро ҳифз хоҳад кард.
А. АТОЕВ, унвонҷӯи Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2018    №: 232    Мутолиа карданд: 756
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед