logo

иқтисод

ЗАМИН. ҚАРОРҲОИ БЕАСОС ОШКОР ШУДАНД

Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишвар аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷомеа, бавижа масъулони идораҳои замин, оқилона ва самаранок истифода бурдани заминро таъкид мекунанд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат  дар толори прокуратураи вилояти Суғд таҳти роҳбарии прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он вазъи татбиқи қонунгузорӣ дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона ба кор бурдани замин, тафтиши қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба ҷудо ва вобаста кардани қитъаҳои замин тайи 10 моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Прокурори вилоят зикр намуд, ки сарфи назар аз корҳои ба сомон расондаи мақомоти давлатӣ ва ваколатдор ҳанӯз ҳам ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки заминҳои кишоварзӣ, фонди ҷангал ва чарогоҳ дида мешаванд. Ҳамчунин, масъалаҳои  аз кишт берун мондани заминҳои корами обӣ, ҷудо накардани маблағҳо барои беҳдошти замин, муайян накардани маблағи иҷораи замин ва ба манфиати буҷети давлат ситондани он, ғайриқонунӣ ҷудо ва вобаста кардани қитъаи замин дар фаъолияти мақомотҳои марбута ва қабули қарорҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ба ҳадди зарурӣ ҳалли худро наёфтаанд.
Дар ҳудуди вилоят 27,3 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дош- та, 3249 гектар қитъаи замини кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Мастчоҳ, Ашт, Зафаробод, Деваштич, Спитамен, Конибодом, Б. Ғафуров ва Панҷакент аз кишт берун мондааст.
Дар вилоят 784,597 гектар чарогоҳ мавҷуд буда, он манбаи асосии таъмини хӯроки чорво ба ҳисоб меравад ва  зиёда аз 60-65 дарсади талаботро таъмин менамояд.  Бо сабаби наандешидани чораҳо барои беҳтар намудани ин заминҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ашт, Панҷакент, Исфара, Деваштич, Шаҳристон, Истаравшан, Кӯҳистони  Мастчоҳ ва Мастчоҳ зиёда аз 132 ҳазор гектари он дар ҳолати бад қарор дорад.
Ҳамчунин, 1500 гектар замини фонди ҷангали вилоят аз соли 1993 то инҷониб аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо ғайриқонунӣ ба дигар субъектҳо барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ вобаста карда шудааст.
Омӯзиши қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо нишон дод, ки баъзе аз онҳо беасос ба тасвиб расидаанд. Тайи 10 моҳи соли равон ба 238 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Айнӣ, Хуҷанд, Б. Ғафуров, Исфара, Шаҳристон, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом, Истаравшан, Ҷ. Расулов, Бӯстон, Гулистон, Спитамен, Мастчоҳ, Ашт, Панҷакент ва Деваштич аз ҷониби мақомоти прокуратура эътироз оварда шуд. Аз ин 204 қарор оид ба ҷудо ва вобаста намудани қитъаи замин мебошад.
Ҳамин тавр, дар раванди санҷишҳо ҳолатҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, идораҳои замин, обёрӣ ва беҳдошти замин, раёсатҳои кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, мақомоти молия, субъектони хоҷагидор ба таври дахлдор иҷро накардани талаботи қонунгузории замин ошкор карда шуд.
Аз натиҷаи санҷишҳо мақомоти прокуратураи вилоят ба унвони раисони шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти ваколатдор 168 пешниҳод ва 211 амр ирсол кард. Тибқи санадҳои тартибёфта 115 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 750 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. Ба 302 санади ғайриқонунӣ вобаста ба замин эътироз оварда, 274 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Тавассути санадҳои эътиноии прокурорӣ 3908 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда ва ба заминистифодабарандагони асилу қонунӣ дода шуд.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи сайёр раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулони кумитаҳои идораи замин, обёрӣ ва беҳдошти замин, хоҷагии ҷангал, идораи, нозироти андоз ва дигар субъектҳои хоҷагидори вилоят ҷиҳати боз ҳам устуворона риоя намудани қонунҳои ҷории мамлакат дар робита ба замин, баҳрабардории манфиатбахши ҳар як қитъаи он пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи саривақтии камбудиҳо дастурҳои қатъӣ дод.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2018    №: 233 - 235    Мутолиа карданд: 1005
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед