logo

туризм

ВАХШ САРЗАМИНИ ТАЪРИХИИ ҲАНӮЗ КАШФНОШУДА

Вахш. Ин номвожа аз куҳантарин вожаҳои ориёист, ки дар аксари сарчашмаҳои бостонӣ зикр ёфтааст. Аз пажӯҳишу ковишҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ бармеояд, ки ин сарзамин дар аҳди Зардушт низ мавзеи зисту зиндагӣ ва шаҳрдорӣ будааст. Бавижа, зикри Вахш дар манбаъҳои чинӣ хеле шавқовар аст. Зеро ёфт шудани бутхонаҳо ва бутҳои хурду бузург барои чиниҳо дарвозаи асрори таърихи куҳанро кушоданаш мумкин аст. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон дод, то ки ба ин сарзамини бостонӣ саёҳате дошта бошем.

«АВЕСТО» ЧӢ МЕГӮЯД?
Вахш ҳамчун номвожа гоҳо агар номи Худо ё маъбуд зикр ёбад, дар ҷои дигар олиҳаи об, номи мавзеъ, номи дарё ва номи малаки осмонӣ қайд мешавад. Охшу ё Охшо номи олиҳаи обу обёрӣ дар тасаввури Бохтариёни қадим буда, яқин аст, ки аз калимаи «вахшу» - и форсии қадим баромадааст. Дар аҳди бостон номи Вахш ба сифати рӯди Вахту дар «Авесто» ёд шудааст. Дар сарчашмаҳои ҳиндуӣ бошад, калимаи «Вахшур» - ро ҳамчун номи дарёи Ому истифода мебурданд. Дар забони суғдӣ маънои он «калимаи гуфташуда» – «логос» - и юнонист. Дар мавриди бозшинохти Вахш назарҳо мухталифанд ва корҳои пажӯҳишӣ идома доранд.

ДАЙРИ БУДДОӢ ДАР АҶИНАТЕППА
Аҷинатеппа боқимондаи ёдгории меъмории дини буддоӣ буда, мувофиқи тадқиқоти бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият доштааст. Он аз маркази ноҳия 11 километр ва аз шаҳри Бохтар 15 километр дуртар ҷойгир аст. Номи асосии ин ёдгорӣ аслан Аҷинатеппа набуда, ин унвон солҳои 40 - уми садаи ХХ ба он дода шуд. Тибқи нақли мардуми маҳал, ҳамон солҳо дар натиҷаи боридани боронҳои шадид як тарафи теппа фурӯ рафта, сӯрохие ба вуҷуд омадааст. Яке аз сокинони маҳаллӣ вориди он шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад. Табиист, ки метарсад ва онро ба дигарон нақл мекунад. Минбаъд, онро макони ҷину аҷинаҳо пиндошта, онро Аҷинатеппа меноманд. Аз соли 1961 ин ҷо экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони ҷанубӣ бо роҳбарии Б. А. Литвинский ва Т. И. Зеймал мунтазам ҳафриёт гузаронда шуда, соли 1973 тадқиқоти он пурра ба итмом мерасад.
Аҷинатеппа бинои росткунҷашакли вусъаташ 100 х 50 метр, баландиаш 6 метр мебошад. Аз ду қисмати мутаносиб иборат буда, қисмҳо бо роҳрав ба ҳам мепайванданд. Қисмҳоро дар рафти ковишҳо «дайр» ва «маъбад» номгузорӣ карданд, ки миёни онҳо ҳован ҷойгир аст.
Ҳангоми ҳафриёт порчаҳои муҷассамаи калони баландиаш 4 метр, ки дар маркази бино воқеъ буд, пайдо гардид. Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 14 - метраи якпаҳлу хобидаи Буддо ва дар тоқчаҳо муҷассамаҳои хурди буддоӣ ёфт шуд. Ҳангоми гузарондани ҳафриёт, бисёр бозёфтҳои шайъӣ – сафол, маснуоти шишагӣ, филизӣ ва сиккаҳо ёфт шудаанд. Бино ба гуфтаи бостоншиносон, Аҷинатеппа тахмин дар асри 8, дар рафти истилои арабҳо тадриҷан хароб гардидааст. Он нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна аст, ки пурра пажӯҳидаанд ва дар қатори 3 ёдгории таърихӣ - фарҳангии вилояти Хатлон ба феҳристи ЮНЕСКО шомил шудааст.

ЧОРГУЛТЕППА БАРОИ АМНИЯТ
Ин ёдгории таърихӣ аз Аҷинатеппа як километр дуртар ҷойгир аст.
Ба гуфтаи бостоншиносон, Чоргултеппа ба давраи ҳукумронии Кӯшониён мансуб аст. Бо сабаби серобӣ, наздик будан ба Чину Ҳиндустон ва шароити хуби зиндагӣ доштан, ҳукумрони давлати Кӯшониён қарор мекунад, ки дар Аҷинатеппа маскан гирифта, бо мақсади амният аз ҳуҷумҳои душман дар чор тарафи он теппаҳои баланд созанд. Бо истифода аз қувваи кории ғуломону асирон, аз гирду атроф хок кашида, дар чор тарафи Аҷинатеппа теппаҳои баланд сохтаанд, ки аз он давра номи Чоргултеппа пайдо шудааст.
- Дар натиҷаи кандану кашидани хокҳои теппа дар атрофи он чуқуриҳо пайдо шуданд, ки барои нигоҳ доштани ҳуҷуми душманон хеле қулай буд.  Теппаҳо ба якдигар бо роҳи зеризаминӣ пайваст буданд, ки то ҳол мавҷуд аст. Дар вақти кандани теппаҳо ва сохтани иншооти нав аз зери замин хиштҳои чоркунҷаи сабук, тангаҳои мисӣ, ҳатто ҷумакҳои хати интиқоли об ёфт шудаанд. Ин бозёфтҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин теппаҳо на танҳо ҷои зист, балки маркази маъмурии идоракунии минтақа низ ба ҳисоб мерафтааст, - маълумот дод Бозоргул Раҳимова, роҳбалади ёдгориҳои таърихии ноҳияи Вахш.
Пажӯҳишҳо муайян карданд, ки ин ҷо савдогарони Чину Ҳиндустон ва дигар давлатҳои гирду атроф молҳояшонро мефурӯхтаанд. Дар назди деҳаи Чоргултеппа то ҳол ду теппаи дигар мавҷуд аст, ки яке аз онҳоро ҳамчун маҳбас истифода мебурдаанд. Аз ин ҷо то Аҷинатеппа роҳи зеризаминӣ мавҷуд буда, ҳукуматдорон барои амнияти худ истифода мекарданд.

ҚИЗЛАРТЕППА Ё ҲАМОН ТЕППАИ ДУХТАРОН
Қизлар калимаи ӯзбекӣ - туркӣ буда, маънои «духтарон» - ро дорад. Пайдост, ки номгузории ин мавзеи таърихӣ низ таърихи куҳан надорад ва шояд номаш тамоман дигар буд. Ин маҳал, ки замоне шомили ҳудуди давлати Бохтариён буд, 17 км дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир аст.
Бозоргул Раҳимова ин ривоятро мухтасар чунин нақл кард: «Як замон бо тақозои сахтиҳои рӯзгор мардони ин мавзеъ ба сафар мебароянд ва аксар бонуҳо мемонанд. Онҳо якдилона ин сарзаминро ободу шукуфон мегардонанд. Аз ин сабаб, теппаи духтарон ном мебарандаш. Аммо манғитиҳо аз ин макони обод хабардор шуда, бо неруи лашкари азим онро забт  кардаанд. Дар ҷанг занҳо бо далериву шуҷоати мардона иштирок намуда, ниҳоят ҷон додаанд». Ҷойи дигар ҳамин саргузашт бо арабҳо гузаштааст. Яъне, ин қисса ду ривоят дорад.
Аммо, мо фикр мекунем, ки ин ривояти саргузаштӣ, ки ба замони манғитиҳо бастагӣ дорад, на он қадар таърихи қадимро дорост. Манғитиҳо баъди шикасти давлати Шайбониён дар асрҳои 15 - 17 мелодӣ пайдо шуданд. Аммо таърихи бунёди Қизлартеппаро ҳамчун шаҳрак дар асрҳои 1 - 5 мелодӣ қайд кардаанд.  Пас, ин мавзеъ куҳантар аз ин ривоятҳост ва ба пажӯҳиши махсус ниёз дорад.
Аз саёҳати кӯтоҳ ба мавзеъҳои таърихии ноҳияи Вахш маълум шуд, ки ин сарзамин саршор аз таъриху тамаддун аст.
Б. САЛИМОВ, М. ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2018    №: 236    Мутолиа карданд: 1189
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед