logo

иқтисод

ҚУБОДИЁН. ФАРДО БЕҲТАР АЗ ИМРӮЗ ХОҲАД ШУД

Қубодиён аз зумраи он ноҳияҳои таърихии Тоҷикистон аст, ки бо харобаҳои Тахти Қубод, Тахти Сангин (Хазинаи Амударё), ёдгориҳои таърихии Қалъаи Мир, Теппаи Шоҳ, Сафедмазор, Куҳандиз, Хуштармулло машҳури олам шудааст. Дар баробари  ин, боғҳои сабзу хуррам, заминҳои ҳосилхез ва саноату сайёҳии мавзеи мазкур дар рушди кишвар саҳми босазо дорад. Дар ин маврид, суҳбате доштем бо раиси ноҳия Зафар Файзуллозода.

ВУСЪАТИ ОБОДКОРИҲО БА ПЕШВОЗИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
- Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли равон, баҳри таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия идома дошта, рафти он аз ҷониби гурӯҳи корӣ назорат мешавад, - иброз дошт Зафар Файзуллозода.
Нақша бо фарогирии 128 банд таҳия гардида, иҷрои он давра ба давра сурат мегирад. Аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва саҳми аҳолӣ имсол сохтмони  варзишгоҳи замонавӣ, дорухона, маркази хизматрасонӣ, ошхона, ҳавзи шиноварӣ ба итмом расида, 650 метри мураббаъ роҳи пиёдагард бо хишти роҳрав навсозӣ ва 1,3 километр мумфарш гардид. Маблағи умумии онҳо 871,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, коргоҳи дӯзандагию қаннодии “Мастура”, бинои нави оҷонсии филиали №52 - и Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дар Ҷамоати деҳоти Навобод мавриди истифода қарор гирифта, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия толорҳои шуъбаи фарҳанг, осорхонаи ноҳия ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Имсол дар ноҳия сохтмони 26 иншоот дар нақша аст ва эъмори 20 - тои он дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот ба анҷом расид. Масъулон кӯшиш доранд, ки иншооти боқимондаро то охири соли равон ба истифода диҳанд.

КИШОВАРЗӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
- Ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, ислоҳоти соҳа, истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 463 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, - иброз дошт раиси ноҳия З. Файзуллозода.
Иттилоъ дода шуд, ки майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар  ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 17 043 гектарро ташкил дода, аз он 185 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд. Инчунин, кишоварзони ноҳия то 1 октябри соли равон зиёда аз 3810 тонна маҳсулот содирот карданд.
Дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия зиёда аз 13 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронда шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 26 гектар зиёд аст. Инчунин, заминдорон дар майдони 4 000 гектар кишти такрорӣ гузаронданд.
Бо мақсади иҷрои “Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ” дар ноҳия майдони боғу токзорҳои хоҷагиҳо 2559 (боғ 1504, токзор 423 ва тутзор 340) гектарро дар бар гирифта, ҳамчунин, бо истифода аз пойгоҳҳои обкашӣ тибқи дурнамо дар майдони  44,7 гектар боғи нав бунёд гардид.

РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Қубодиён бо ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоби худ имкониятҳои васеи рушди сайёҳиро дорост. Дар робита ба ин, ба ифтихори Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ масъулони соҳа баҳри рушди туризми дохилӣ, табобатӣ, истироҳатӣ ва, махсусан, эҳёи туризми мактабии хонандагон чораҳои саривақтӣ андешидаанд.
- Баҳри ҷалб ва осон намудани саёҳати туристон ба ноҳия дар даромадгоҳи ҳар як ҷамоати деҳот ва деҳаҳое, ки дорои мавзеъҳои сайёҳӣ, ҷойҳои таърихӣ мебошанд, насби ишораҳои туристӣ (ба самти макони туристӣ), гӯшаҳои иттилоотӣ, таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи сайёҳӣ ва ташкили нуқтаҳои ҳунарҳои дастӣ тадбирҳо андешида шуд, - зикр кард З. Файзуллозода.
Дар ҳудуди ноҳия 18 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, аз ҷумла Тахти Сангин, Қалъаи Мир, Теппаи Шоҳ, Тахти Қубод, Сафедмазор, Куҳандиз, Хуштармулло диққати сайёҳони хориҷиро ба сӯи худ кашида, дар зеҳни онҳо нисбат ба таърихи бойи гузаштаи мардуми тоҷик таассуроти наҷиб мегузорад.
Барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занони хонашин ба касбомӯзӣ ва корҳои хонагӣ дар ноҳия  199 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати  касбомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои адрасбофӣ, атласбофӣ, зардӯзӣ,  бофандагӣ, қуроқдӯзӣ ва попурдӯзӣ ҷалб гардиданд.
Айни ҳол дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  103 оила дар хона ба ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чӯбтарошӣ, гаҳворасозӣ, атласу адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, танӯрсозӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, гилембофӣ, ҷомадӯзӣ, сангтарошӣ, сандуқсозӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва дутортарошӣ машғул мебошанд. 

ПЕШРАФТИ ИҚТИСОД ВА ИҶТИМОЪ
 - “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020” соли 2015 тасдиқ гардидааст. Дар он 103 лоиҳа ба маблағи қариб 109 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки  аз он 40 лоиҳа ба бахши иқтисодӣ, 41 лоиҳа ба  соҳаҳои иҷтимоӣ, 16 лоиҳа ба инфрасохтор, ду лоиҳа ба бахши ҳифзи муҳити зист ва чор лоиҳа ба таъминоти захиравӣ тааллуқ дорад, - изҳор дошт раиси ноҳия.
Дар ҳамкорӣ бо ташкилоту вазоратҳои ҷумҳуриявӣ то ин муддат 20 лоиҳаи барномаро ба  маблағи  умумии  5,9 миллион сомонӣ амалӣ карданд. Аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохтмони биноҳои маркази савдою хизматрасонӣ, клиникаи хусусӣ, толори варзиш, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва гази моеъ ҷараён дорад. Мувофиқи барномаи ёдшуда, корҳои лоиҳавии сохтмони бинои маъмурии идораи стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвонот соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ оғоз мешавад.
Ҳамзамон, таъмири асосии роҳҳои автомобилгард ба масофаи 3,2 километр  аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, ки масъули иҷрои лоиҳаи мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
Маҳмуд БАҲРОМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2018    №: 236    Мутолиа карданд: 965
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед