мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Алфредо Леониро қабул кард
2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Бразилия дар Тоҷикистон Алфредо Леонӣ эътимоднома қабул намуд.
Дар сӯҳбати Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафири нав, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Бразилия баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки сарфи назар аз масофаи хеле дур муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Бразилия ташаккул ёфта, рӯ ба густариш доранд.
Баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои судманд ба роҳ мондани робитаҳои пайваста дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ва муҳайё намудани заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1809