logo

иқтисод

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Кишоварзони шаҳр бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда заминро ҳамчун воситаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ истифода мебаранд. Соли равон онҳо  пурсамар фаъолият намуда, ҳосили дилхоҳу фаровон рӯёнданд. Самараи меҳнати деҳқонони шаҳр боиси фаровонии маҳсулот дар бозорҳои он гашт.
Ҷаҳонгир Равшанов, сардори раёсати кишоварзии шаҳр, гуфт, ки деҳқонони заҳматпешаи шаҳри мо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба зиёда аз 43 миллион  сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 110,9 дарсад афзудааст.
Васеъ намудани майдони зироатҳои кишоварзӣ ва дар ин замина боло бурдани ҳаҷми истеҳсолот дар баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми он  мусоидат намуд.  Соли ҷорӣ дар натиҷаи сари вақт ва  бо сифати баланд гузарондани кишти зироатҳои тирамоҳию баҳорӣ хоҷагиҳои шаҳр қариб 21 ҳазор гектар зироатҳои гуногун кишт намуданд. Аз баракати меҳнати кишоварзони шаҳр соли ҷорӣ истеҳсоли пахта ба 4100 тонна, ғалла 30222, картошка 8122, сабзавот наздики 76 ҳазор, полизӣ 3394, меваҷот 2396, ангур 15449,  гӯшт 3203, шир беш аз 20 ҳазор,  пилла 12, пашм 60, асал 14 тонна ва тухм ба 2589 ҳазор дона расид, ки нисбат ба соли гузашта истеҳсоли бештари маҳсулот афзудааст.
Яке аз омилҳои асосии тақвияти пешрафти иқтисодиёти кишвар соҳаи пахтакорӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад олимон ба деҳқонон навъҳои нави серҳосили пахтаро пешниҳод менамоянд. 
- Имсол аз рӯи дурнамо кишоварзони шаҳр майдони кишти пунбадонаро ба 2264 гектар расонданд. Корҳои агротехникӣ дар пахтазор тибқи технологияи нави парвариш сурат гирифта, то имрӯз 4100 тонна  пахта рӯёнда шуд. Барои афзоиши истеҳсоли пахта ва таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ кишоварзон ба тухмиҳои хушсифат рӯ оварданд. Соли ҷорӣ 373 тонна тухмии пумбадонаи навъҳои «ИрамR2», «Флора R2», «Зуҳал», «ДП-5111R2», «Дӯстӣ», «Ориёӣ» дар заводи пахтатозакунии «Утаган-КА» коркард ва захира карда шуд, - мегӯяд Ҷ. Равшанов.
Дар ҳудуди шаҳр аз ҷониби сокинон ва кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ба кабудизоркунӣ низ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир мегардад. Ин давра аз ҷониби аҳолии ҷамоатҳои деҳот ва корхонаву ташкилотҳо 50129 бех ниҳол, аз ҷумла сояафкани ороишӣ, мевадиҳанда ва гулҳои садбаргу мавсимӣ шинонда шуд. 
Боғу токпарварӣ  низ соҳаи даромадноки шаҳр аст. Дар ҳудуди шаҳр 1089 гектар боғ ва  3119 гектар токзор мавҷуд буда,  сафи боғпарварони ботаҷриба рӯз то рӯз афзуда истодааст. Танҳо дар нуҳ моҳи соли равон  11,5 гектар боғу токзори нав бунёд ёфтааст.  Аҳли хоҷагиҳои “Боғи Сомон”, “Ватан” ва “Ҳоҷӣ Неъмат” - и шаҳр ҳамасола дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ  ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд ва дар таъмини бозорҳои дохилӣ, ҳамчунин, содироти меваҳои хуштаъму серхарид ба мамолики дуру наз- дик саҳми назаррас мегузоранд.
Боздиди меҳмонони олиқадр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ  бо сарварони  ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Беларус муҳтарам Александр Лукашенко  27-29 сентябр аз боғоту токзори шаҳр аз пешрафти соҳа дар ин ҷо шаҳодат медиҳад. Дар ин рӯзҳо мизбонон зиёда аз 70 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, 2000 дона гултубакҳои ҳархеларо дар шакли манора ба намоиш гузошта, меваҳои шаҳдбори Ватанро ба меҳмонони гиромиқадр пешкаш намуданд.
Кишоварзони шаҳр, ҳамчунин, саҳми намоёни худро дар ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ гузошта, маҳсули дастранҷи худро бо нархи нисбат ба бозор арзон пешкаши сокинон  мегардонанд.
М. ШАРИПОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 996
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед