logo

фарҳанг

"АНДАЛЕБ - 2018". ДАВРИ ДУВУМИ ОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар  қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор даври дуюми Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2018»  ботантана ҷамъбаст гардид. Фестивали мазкур ҳамасола баҳри дарёфти истеъдодҳои нав, эҳёи ҳунару анъанаҳои миллӣ ва рушди боз ҳам бештари санъати қадимаи тоҷик саҳми калон мегузорад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамъбасти фестивал беҳтарин дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва беҳтарин номинатсияҳо бо диплом, ифтихорнома ва созҳои миллии мусиқӣ сарфароз гардонда шуданд. Ба ғолибони фестивал аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ширкати муштараки «Транс - Тоҷикгаз тайплайн компани Лимитед» (ТТГП) ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Тибқи хулосаи аъзои ҳакамон, Шоҳҷоиза насиби дастаи ҳунармандони шаҳри Ҳисор, ду ҷойи аввал насиби дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, ду ҷойи дуюм насиби ноҳияҳои Тоҷикобод ва Файзобод, се ҷойи сеюм насиби шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва ноҳияи Ёвон гардид.
Дар номинатсияҳои навозиши умумӣ, бадеҳа, суруди якка ва сюитаи овозию рақсӣ ҳунармандони санъати шаҳри Ҳисор, суруди ҳамсароёни бисёровоза (акапелла), намоиши либосҳои миллӣ ва монолог дастаи ҳаваскорони санъати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, навозиши якка ва рақси якка ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, саҳначаи ҳаҷвӣ ва порча аз анъанаҳои мардумӣ - шаҳри Ваҳдат, хониши бадеӣ -  Файзобод, суруди анъанавии фалак – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, суруди ӯзбекӣ - Тоҷикобод, рақси хоразмӣ - шаҳри Роғун, рақси қирғизӣ - Лахш, саҳначаи ҳаҷвӣ - Ёвон, суруди анъанавии «Лалаик» - шаҳри Хоруғ ва шашмақомхонӣ - ноҳияи Шаҳринав ғолиб дониста шуда, дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иштироки фаъолона дар фестивали мазкур бо диплом сарфароз шуданд.
Ҳамзамон, дар маросими ҷамъбасти фестивал - озмун 15 нафар кормандони фаъоли муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг, 6 нафар бо Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 20 нафар ҳунарманд бо ифтихорномаи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон мушарраф гардиданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 805
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед