logo

маориф

МТМУ № 62 - МУАССИСАИ БЕҲТАРИН ДАР ХАТЛОН

Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ва таҷдиду навсозӣ гаштанд. Қобили тазаккур аст, ки дар ин давра дар ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ низ теъдоди зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳозиразамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. 
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62-и  деҳаи Истиқлоли ноҳия, ки соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат ба истифода дода шуд,  на танҳо дар вилояти Хатлон, балки ҷумҳурӣ аз ҷумлаи беҳтарин мактабҳо ба ҳисоб меравад.
Зимни суҳбат директори муассиса Маҳмуд Забиров зикр намуд, ки муассиса дорои 26 синфхона буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонда шудааст ва дар он 692 хонанда таҳсил менамояд. Омӯзгорони муассиса пайваста саъю кӯшиши худро барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас равона месозанд, ки он самараи дилхоҳ ба бор меорад. Ҳамин аст, ки соли равон  аз 74 хатм- карда 73 нафараш ба макотиби олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ дохил шуданд.
- Ҳамасола хонандагон дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, соли равон 34 хонанда дар олимпиадаҳои гуногун сазовори ифтихорнома гардид. Мунисаи Алишер дар олимпиадаи ноҳиявии «Таърихшинос» ва Бахтиёр Саидмуродову Акбаралӣ Кенҷаев дар спартакиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои аввалро ишғол карданд, - афзуд М. Забиров.
Боиси сарфарозии аҳли маорифи ноҳияи Абдураҳмонӣ  Ҷомӣ  мебошад, ки соли таҳсили 2017 - 2018  муассисаи мазкур байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон бо дипломи «Муассисаи беҳтарин» сазовор гардид.
Қурбон АҲМАДЗОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 792
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед