мулоқотҳо
Президенти Тоҷикистон сафири Юнонро
ба ҳузур пазируфт
2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Юнон дар Тоҷикистон Михаил Спинелис эътимоднома қабул намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди маросими эътимодномасупорӣ бо сафири нав масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Юнонро баррасӣ намуд.
«Муносибот бо кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Юнон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд аз имконоти фаровони мавҷуда истифода бояд бурд.
Мусоҳибон ба таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1909