logo

иқтисод

НУРОБОД. МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ

Зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия давоми соли равон сохтмони корхонаҳои саноатию хизматрасонӣ  ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти маҳаллӣ вусъати тоза гирифтанд.
Ҳасан Дӯстзода, раиси ноҳия, иброз дошт, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои соҳибкорон ҷиҳати сохтани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ имконияту шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Аз соли 2012 то кунун 14 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият пардохтанд. Аз ҷумла, корхонаи хишти “Ёнур”, ки аз соли 2012 то имрӯз бо иқтидори солонаи 750 000 дона фаъолият менамояд, дар пешбурди кори бунёди иншооти шаҳраки Дарбанд ва дар маҷмӯъ, ноҳияи Нуробод саҳми калон дорад. Хишти корхона босифату арзон буда, сари вақт ба мизоҷон дастрас мегардад. Корхонаҳои асфалтбарории деҳаҳои Чорсада, Сари Пул ва корхонаи хурди истеҳсоли сангу шағал дар деҳаи Комсомолобод низ бо фаъолияти пурсамари худ ба ободонӣ ва асфалтпӯш кардани шоҳроҳи байналмилалӣ ва роҳҳои маҳаллӣ мусоидат менамоянд. Корхонаҳои истеҳсолии  “Симо-1”, хишти сементӣ дар деҳаҳои Тухчӣ, Хумдон, Обилурд, дару тирезаҳои пластикӣ дар деҳаи Обилурд ва коргоҳҳои хурди коркарди чӯб дар деҳаҳои Комсомолобод, Хумдон, Ҳакимӣ ва Муҷихарф баҳри беҳбудии корҳои сохтмонӣ роҳандозӣ шудаанд.
Корхонаи истеҳсолии маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Нуробод», дар деҳаи Лаби Ҷар 50 сар чорвои калон, 100 сар асп, 400 сар гӯсфанд, 100 оила занбӯри асал ва 1 гектар ҳавзи моҳипарварӣ дар ихтёр дошта,  аҳолии ноҳия ва ҳам ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахшро бо маҳсулоти ширӣ таъмин менамояд. Дар назди корхонаи мазкур коргоҳи бандубасти равғани рустанӣ низ фаъолият намуда, дар  як шабонарӯз 10 тонна маҳсулотро дар зарфҳои гуногуни пластикӣ бандубаст намуда, ба аҳолии минтақа пешниҳод менамояд.  Дар арафаи Ҷашни 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи парандапарварӣ бо иқтидори 5000 сар дар Ҷамоати деҳоти Комсомолобод аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Илова ба коргоҳҳои мавҷуда, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, корхонаҳои парандапарварӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Хумдон, Сафедчашма, истеҳсоли нон ва маҳсулоти он дар Ҷамоати шаҳраки Дарбанд, коркарди шир ва фермаи зотпарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Хумдон, коркарди чӯб дар Ҷамоати шаҳраки Дарбанд ва, ҳамчунин, бунёди 2 коргоҳи хурди истеҳсоли хиштҳои сементӣ идома дорад.
Барои истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда дар самти коркард, бандубаст ва афзоиши содироти меваю сабзавот низ дар ноҳия як зумра корҳои назаррас ба сомон расонда шудаанд. Соли равон бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ як адад таҷҳизоти мева ва сабзавотхушккунак ба Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия тақдим гардид, ки ба пешрафти  кори хоҷагиҳо мусоидат намуд. Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ хариди таҷҳизоти хурди коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ дар назар аст.
- Вобаста ба бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, инчунин, ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ нақша - чорабиниҳо иборат аз 8 банд таҳия ва бо қарори раиси ноҳия аз 1 феврали соли 2018, таҳти рақами 29 тасдиқ гардидааст. Ҷиҳати бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва дигар шахсони саховатпеша дар ноҳия фазои мусоид фароҳам оварда шуда, иқдоми созандаи онҳо аз ҷониби бахшҳои давлатӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, - гуфт Ҳасан Дӯстзода, раиси ноҳияи Нуробод.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 938
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед