мулоқотҳо
Георгий Кублашвилӣ эътимоднома супурд
2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Гурҷистон дар Тоҷикистон Георгий Кублашвилӣ эътимоднома қабул намуд.
Баъди анҷоми маросими эътимодномасупорӣ миёни Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Георгий Кублашвилӣ оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар сӯҳбати ҷолиб доир гашт.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба мубодилаҳои сиёсӣ оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, барқарорсозии робитаҳои қаблии иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳу василаҳои нави ҳамкорӣ зоҳир гардид.
Зимни сӯҳбат ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳкиму густариши муносибатҳо таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1877