logo

президент

Саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун бо арзишҳои 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешаванд

4 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони бонкҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, корхонаю ширкатҳои бонуфузи истеҳсолию тиҷоратӣ, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони марбут ҷамъомади корӣ доир намуд.
Дар ҷамъомад масоили вобаста ба вазъи энергетикии мамлакат ва  роҳҳои бартараф намудани норасоии нерӯи барқ баррасӣ гардиданд.
Сардори  давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди нерӯгоҳҳои нав, таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда ва воситаҳои интиқоли нерӯи барқ, гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва, албатта, ба анҷом расондани сохтмони нерӯгоҳи азими Роғунро аз роҳҳои асосии бартараф кардани норасоии нерӯи барқ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳҳои марказии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кулли мансабдорон ва соҳибкорону тоҷирони бонуфузи мамлакат бояд дар харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун пешсаф ва намунаи ибрати дигарон бошанд.
Оид ба намунаҳои саҳмияҳо,  роҳҳои ба фурӯш баровардани онҳо ва ҳуқуқи саҳмдорон вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмуддинов гузориш дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки саҳмияҳо бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз рӯзҳои аввали соли нави милодӣ ба фурӯш бароварда мешаванд. Ташкилоту муассисаҳо ва касоне, ки бо маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ харидорӣ мекунанд, соҳиби сертификати махсус бо сабти номашон мешаванд. Барои ин қоғазҳои қиматнок 4 дараҷаи муҳофизат пешбинӣ шудааст, то чопи саҳмияҳои қалбакӣ пешгирӣ карда шавад. Саҳмияҳо тавассути бонкҳо, идораҳои молиявии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ба фурӯш пешниҳод мегарданд.
Чунонки зикр гардид, баъди ба кор даромадани нерӯгоҳ ва фоидаовар шуданаш, саҳмдорон аз фоидаи он баҳравар мешаванд. Ғайр аз ин саҳмдорон ҳуқуқ доранд, ки саҳмияҳои худро бо нархи дилхоҳ ба хоҳишмандон бифурӯшанд. Бори дигар таъкид гардид, ки ҳуқуқи харидории ин саҳмияҳоро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд.
Роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони сершумор, ки дар ин ҷамъомад иштирок доштанд, ба харидорӣ аз ин саҳмияҳо изҳори омодагӣ карданд ва таъкид доштанд, ки омодаанд ба хариди саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун маблағҳои калон равона созанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3692
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед