logo

фарҳанг

ҲИКМАТИ САД АСР ДАР ХОКИ САРАЗМ

Бо мақсади ҷамъбасти озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳайати бонуфузе озими шаҳри Панҷакенти бостонӣ шуд. Рӯзи дувуми сафар гурӯҳе дар ҳайати шоирону нависандагон, олимону журналистон таҳти роҳбарии сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода озими шаҳри бостонии Самарқанд гардиданд. Гурӯҳи дувум дар ҳайати муаррихон ва журналистон ба сайри маконҳои таърихии шаҳри Панҷакент гом бардоштанд.

Қабл аз ҳама, аз Саразми бостонӣ дидан кардем. Чун аз худрав поин шудем, моро бостоншиноси варзида, муҳаққиқи шинохтаи Саразм, номзади илмҳои таърих Абдурауф Раззоқов, оинадори аҳди бостон, пешвоз гирифт. Аз ин дидор бо яке аз кошифони Саразми бостонӣ бағоят хушҳол гаштем.
Боис ба ёдоварист, ки саҳми ин муаррихи маъруф бо донишу коршиносӣ, забондониву пурбардорӣ, хоксориву инсонпарварӣ ва пажӯҳиш дар миқёси ҷаҳон мунташир сохтани номи Саразми бостонӣ арзандаи эътироф гаштааст.
Чун фурсат муносиб афтод, ба чанд саволи хеш аз бостоншиноси номвар посух ҷустем.

- Кашфи Саразми 5500 – сола, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гаштааст, дар он хидмати шумо низ ҳаст…
- Ман 35 - соли умри пурбаракати хешро ба тадқиқи Саразм бахшидаам. Аммо, дар ин роҳ заҳмати устодам, шодравон Абдуллоҷон Исҳоқов бағоят бузург аст. Шоёни зикр аст, ки имрӯз Саразми 5500 - сола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид шудааст.

- Беҳуда нест, ки имрӯз Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар ҷаҳон шинохта шудааст...
- Бале, корҳои таҳқиқотӣ дар Саразм, аслан, аз соли 1977 оғоз шуда, баъдан, он аз соли 1997 маҷрои дигар гирифт. Дар ин макон солҳои гуногун гурӯҳи олимон – бостоншиносони Амрико, Фаронса, Италия, Олмон ва Русия пажӯҳишҳо кардаанд. Корҳои бостоншиносӣ, ки бо сарварии Абдуллоҷон Исҳоқов – нахусткашшофи Саразм оғоз ёфта буд, пас аз даргузашти эшон, сар аз соли 1997 бо роҳбарии банда идома ёфт. Таҳқиқот собит сохт, ки Саразм 5500 сол муқаддам дар давраи энеолит ташаккул ёфта, то ҳазорсолаи II пеш аз милод, дар давоми 1500 сол арзи вуҷуд доштааст.
Дар натиҷаи таҳқиқот муайян гардид, ки Саразм маркази ташаккулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон аст ва дар ҷаҳон шинохта шуд…

- Чанд сухан роҷеъ ба кӯчбандии саразмиён...
- Саразмиҳо дар асри биринҷӣ бо сабабҳои номаълум ба дигар манотиқ кӯч бастаанд. Сабаби кӯчидани аҳолии Саразм ба фикри инҷониб, қабл аз ҳама, вазъи экологӣ, яъне ба гармшавии иқлим дар ҳудуди Осиёи Марказӣ рабт дорад. Кам шудани обҳои доманакӯҳҳои Зарафшон, ба кишти васеи зироатҳои ғалладонагии саразмиён мусоидат намекунад. Ҳамчунон, зиёдшавии шумораи аҳолӣ ва аз худ кардани заминҳои нав барои кишоварзӣ онҳоро маҷбур месозад, ки ба дигар минтақаҳои гирду атроф кӯч банданд.
Пас аз паҳну парешон гаштани маданияти Саразм, маданияти Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистони ҷанубӣ дар ҳазорсолаи дувуми қабл аз милод, маҷмӯи маданияти Бохтару Марғеён дар воҳаҳои ҷанубии Туркманистон (дар мисоли ёдгориҳои Гонуртеппа), Ӯзбекистон (Сафолтеппа ва Ҷарқутан), Афғонистон (Даштлӣ) ва Тоҷикистон (қабристонҳои аҳди охири биринҷии Фархору Кангурт) пайдо шуда, ташаккул меёбанд.

- Устод, байни мардум қиссае паҳн гардида, ки гӯё ҳини бозёфти ҷасади Маликаи Саразм тӯфон бархоста.
- Ба қавли мардум, бе шамол шохи дарахт намеҷунбад. Ин бофтаву тофтаи мардум нест, ҳақиқати ҳол аст. Ҳангоми бозёфти ҷасади Маликаи Саразм, устухонҳои ӯро берун оварда, рӯи матое гузоштем, ки тундбоде (тӯфоне) бархост ва як тарафи матоъро бардошта, болои бозёфтро пӯшонд. Рӯзи офтобиро они воҳид абрҳо тира сохтанд, садои тандуру чароғак гӯши фалакро кар карду борони тез борид. Чун тамоми ҷасадро бурун овардем, ҳаво ранги тоза гирифту офтоби оламоро рух намуд…
 РУҶӮЪ
Димнаи шаҳри асри биринҷӣ (асрҳои IV-II то милод), ки 15 км ғарбтар аз шаҳри Панҷакент воқеъ аст, масоҳаташ 90 га.  Саразмро соли 1976 бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов кашф намуд ва аз соли 1978 таҳти роҳбарии ӯ отряди археологии Институти таърихи АИ  РСС  Тоҷикистон ба тадқиқ оғоз намуд.
Кашфиёти аввал - 4 бино ва 10 хандақи Саразм аст. Масоҳати бинои аввал 180 метри мураббаъ буда, аз 7 хона иборат мебошад. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дувум 500 м2 масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад. Девораш похсагист. Масоҳати бинои савум 350 м2 буда, 13 хона дорад. Девораш аз хишти хом. Бинои савум барои омӯзиши таърихи санъати меъмории тоҷикон аҳамияти махсус дорад. Тарафҳои баробар, масоҳати якхела, рӯ ба рӯй ҷой гирифтани даромадгоҳҳо, се долони ба ҳам монанд шаҳодат медиҳанд, ки он аз рӯи нақшаи махсус сохта шудааст. Хонаҳои иқоматӣ мураббаъ ва росткунҷа (6 - 12 м2), бари даромадгоҳҳо хурд (50 - 75 см). Фарши хонаҳо ба андозаи 75 - 95 см оташдони мудаввар дорад, гирдашро деворча гирифтааст, ки ғафсиаш 8 - 12 см, баландиаш 9 - 10 см. Оташдонро баъзан дар болои суфача (баландиаш 15 - 20 см) месохтанд.
Долону даромадгоҳҳо аз хонаҳо ба ҳавлӣ мебаранд. Деворҳои бино 35 - 75 см ғафсӣ доштаанд, ки осори онҳо то замони мо омада расидааст.  Дар ҳавли танӯр, оташдон сохта, тамоми сокинон аз он истифода мебурданд. Ҳавлиҳо барои партовҳо хандақ доштанд, ки аз дохили онҳо асбоби  рӯзгор ва осори маданият ёфт шудаанд.
Бинои чаҳорум 18 хонаро дар бар мегирад. Аз ин қисмат ибодатгоҳ, дош кашф гардидаанд. Дар Саразм 4 давраи ҳаёт, ки ёдгориҳои он С - I, II, III, IV ном гирифтаанд, ошкор гардид.
Аҳолии Саразм асосан ба деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, косибӣ ва маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул буд. Онҳо мис ва қалъагиро даромехта табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дарафш сӯзан месохтанд. Пӯшоку палоси саразмиён аз пашму пӯст буд. Кулолони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса, табақ, пиёла, кӯза, хумча сохта, ба ранги сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медодаанд.
Сокинони Саразм бо кишварҳои соҳили халиҷи Форс, бо Араб,  Ҳинд ва Бадахшон робитаи тиҷоратӣ доштанд, ки маснуоти биринҷӣ (корд, ханҷар, табари дудама), сангҳои дастадори тарозу, зарфу гӯшмоҳиҳо, асбоби зебу зинати (аз фирӯза, лоҷувард, ақиқ) ёфтшуда шоҳиди онанд.
Байни аҳолии Саразм сохти авлодӣ ҳукмрон буд. Дар натиҷаи тадқиқоти археологӣ, маълум гарид, ки  Саразм яке аз қадимтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр буда, бозёфтҳои он шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди тоҷикон ҳанӯз то ҳуҷуми Ҳахоманишиёну Искандари Мақдунӣ дорои маданияти пешрафта будаанд. Омӯзиши Саразм дар таърихи тамаддуни тоҷикон ва халқҳои дигари Осиёи Миёна саҳифаҳои наверо боз намуд.   
Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2018    №: 238 - 239    Мутолиа карданд: 1091
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед