logo

туризм

ХОҶАЧИЛДИЁР

Хоҷачилдиёри Боло, деҳаест воқеъ дар баландӣ, дар оғӯши кӯҳистони дилкаш, ки ҳар мушти хокаш, ҳар пораи сангаш, ҳар гулу гиёҳаш, чашмасорону обшоронаш ҳама бозгӯи таърихи дирӯзу имрӯзи халқи заҳматқаринаш мебошанд.  Дашту даман ва кӯҳистони зебоманзари Хоҷачилдиёр дунёи пурафсона ва пургавҳарро мемонад, ки бо табиати бою рангин, чаманистони пурнакҳат, мардуми бо нангу ор ва меҳнаткашаш маъруф гаштааст. Деҳае, ки бо таърихи ғаниву пурғановат, мавзеъҳои сайру саёҳат чун гавҳари тобон ва дурдонае дар Ҳисори шодмон ном баровардааст. Ин аст, ки дар васфи ин деҳаи ҷаннатмакон нақлу ривоятҳои хеле ҷолибу хонданӣ аз даҳон ба даҳон то замони мо расида омадаанд.
Деҳаи Хоҷачилдиёри Боло  дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор доман густурдааст  ва таърихи  хосса дорад. Дар баъзе маъхазҳои қадимӣ бо номи Хоҷагони чил диёр ва ё Чилтан низ машҳур аст. Ривояте ҳаст, ки дар давраи истилои муғул чил нафар аз деҳаи Даҳбеди Самарқанд ба ин ҷо омада, дар бари кӯҳ маскан гирифта, барои бунёди деҳа асос гузоштааст. Деҳа бо номи Мазори Чилтан машҳур гашта, аз тамоми гӯшаву канори кишвар ва берун аз он ихлосмандону дармондагон ба зиёрат меоянд.
Кӯҳсораш боби саёҳату тамошост.  Махсусан, дар фасли баҳор кӯҳу дара, талу теппаҳои деҳа ба макони сайёҳон мубаддал мегарданд. Зеро боду ҳавои форам, кӯҳҳои осмонбӯс, арчаҳои сарсабз, чукриву қоқу, сиёҳалафу торон, занбӯруғу шибит, сияҳгӯшу ҷавғосун, бодому пистаҳои шебу фарози он, бешак, дили бинандаро тасхир намуда, ба кас рӯҳу ҳаловати хосса мебахшанд. Ҳамчунин, шунидани хониши булбулу кабкҳои хушилҳон, дидани ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили хирсу гуроз, гургу рӯбоҳ, шағолу санҷоб, сағуру харгӯш ва мору хазандаҳои дигар сайёҳонро ба дунёи рангине мебарад. Роҳи деҳа гоҳе  пасту баланд, гоҳе пурпечутоб, ҷое зери сояи дарахту ҷое зери офтоб дар канори дашти сабзу хуррам ва боғҳои дилкушо  гуворову тамошобоб мебошад.
Мазори «Чилтан» - и деҳа барои ихлосмандон  ҷойи муқаддас ва зиёратгоҳи давобахш маҳсуб меёбад.  Макони биҳиштосо бо оби софу зулол, чашмаҳои шифобахшу ширин, шилдироси шаршараҳои мусаффо,  чанорҳои бузурги сабзу сояафкан, табиати дилкаш, чаҳ – чаҳи  мурғони хушилҳони шохсорон  ба кас рӯҳу илҳоми тоза бахшида, хастагиро рафъ месозад. Анъанае  ҳаст, ки ҳар сол дар фасли баҳор, ки табиат ҷомаи сабзу махмалин ба бар карда, гулҳои гуногуни атрогини зебо дашту даманро фаро мегиранд, дар мазори «Чилтан» 3 рӯз «сайри кӯҳсор» баргузор мегардад.
Аз мақбараи «Чилтан» дар масофаи 4000 метр, дар даруни дара  чанорҳо қад кашидаанд, ки шумораи онҳо беш аз ду ҳазор мебошад. Ин чанористон низ гӯё таърихи  чиласра дорад. Дар охири  чанористон мавзеи аҷоибест бо реги сабзгун. Мардум барои аз тарбод шифо ёфтан ба ин ҷо меоянд. Канортар дарёчаи пурмоҳӣ ҷорист ва чашмаи давои хоришак мавҷуд аст. Оби чашма аз зери сангҳо ҷӯшида мебарояд ва бӯи аҷибу хусусияти шифоӣ дорад. 
Аз асри 18 то ибтидои асри 20 деҳаи Хоҷачилдиёри Боло  калону сернуфуз будааст, беш аз 500 хоҷагӣ доштааст. Зиёда аз 70 олиме, ки мадрасаи Бухороро хатм кардааст, ин ҷо ҳаёт ба сар бурдаанд. Аз ҷумла, ҳазрати Зиёвиддин – муфтии аълам дар вилояти Ҳисор, қозии шариат Абдурасул, мушовири мири Ҳисор домулло Хол, домулло Ашӯри Бухороӣ, эшони Ориф, домулло Абдусаттор, мулло Абдухолиқ ва дигарон. Дар деҳа то аввали асри 20 масҷиди панҷвақта, масҷиди ҷомеъ, мадраса бо мударриси худ ва шахсони алоҳида бо унвону рутбаҳои қӯшбегӣ, қаравулбегӣ, доруға ва дигарҳо зиндагӣ кардаанд. 
Дар замони шӯравӣ низ ашхоси бомаърифату аҳли илм кам набуданд. Аз ҷумла, марди соҳибэҳтиром, боилму фарҳанг Шарифҷон Ӯроқов, доктори илми риёзиёт, профессор, академик Нусратулло Раҷабов, доктори илм, профессор Дӯстмурод Ӯроқов, доктори илмҳои фалсафа Абдуқодир Одинаев, номзадҳои илм дар риштаҳои гуногун Файзулло Баротов, Ҳаитмурод Шарифов, бародарон Бекмурод ва Холмурод Ӯроқовҳо, омӯзгорони асил, шахсони некукор Абдуқаҳҳор Шарифов, Амонулло Азизов, Иброҳим Шарифов, Наврӯз Ниёзов ва дигарон зодаи Хоҷачилдиёранд.
Ҳунари дигаре, ки дар ин деҳа рушд ёфта буд, санги осиётарошӣ мебошад. Устокенҷа, Устораҷаб, Устоқурбоналӣ, Устоназар, Абдуҷаббор Норов дар ин санъат беҳамто буданд. 
Сокинони деҳот асосан ба зироаткорӣ ва боғдорӣ машғуланд. Ҳар яке замини наздиҳавлигӣ дошта, дар боғҳои худ навъҳои гуногуни ангур, себ, анор, гелос, олу, чормағз ва дигар меваҷотро парвариш мекунанд. Деҳа бо ангури шаҳдбораш аз қадим ном бароварда буд, ки беҳуда нест. Мардон ба занбӯриасалпарварӣ, чӯбтарошӣ, чорводорӣ ва занону духтарон бо куртадӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, пухтупази таомҳои миллӣ машғул буда, бо ҳунарашон ном баровардаанд. Таъмини аҳли оила бо ғизои зарурӣ низ ба ободии мамлакат ҳиссаи бузург гузоштан аст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2018    №: 240    Мутолиа карданд: 1107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед