logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ТЕЪДОДИ АВТОБУСҲОИ ЗАМОНАВӢ АФЗУД

Бо ибтикори роҳабрияти  шаҳр,  ба хотири баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар, дар пойтахт боз 30 автобуси тамғаи «AKIA» аз Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Душанбе  ворид  шуд.
Бино ба иттилои раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр, шурӯъ аз 3 декабри соли  равон  дар хатсайрҳои  №№ 2, 10, 11  самтҳои мактаби № 61 – «Бозори Балх»,  Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ — маҳаллаи «Пахтакор», Терминали мусофирбарии шарқ — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ,  маҳаллаи Фучик — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ ҳаракати микроавтобусҳои тамғаи «Мерседес - Бенс»  маҳдуд карда шуда, фаъолияти автобусҳои нави замонавӣ роҳандозӣ шуд.
Хариди  автобусҳои номбурда  ва  бандубасти он дар ҷумҳурӣ  аллакай як сол пеш мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати туркӣ  таҳти бренди «AKIA» шартнома ба имзо расондаанд.  Дар асоси шартнома  то кунун  ба пойтахти мамлакат   170  автобус ворид гардид ва ҳоло дар хизмати сокинону меҳмонони шаҳр  қарор дорад. Ҳамчунин, соли 2017 дар пойтахт  сохтмони корхонаи  истеҳсоли автобусҳои  «AKIA-AVESTO»  оғоз гардид. Дар оянда масъулони корхона нақша доранд, ки дар мамлакат  истеҳсоли 5 намуд автобусҳоро барои дохил ва берун аз шаҳр тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд. Тавре  директори корхонаи  муштараки «AKIA-AVESTO» Асрор Мирзоев зикр кард,    автобусҳои «AKIA»   дорои 26 ҷойи нишаст   буда,  таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз  дигар  автобусҳо бартарӣ доранд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2018    №: 240    Мутолиа карданд: 987
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед