logo

иқтисод

ҲИСОР. БУНЁДИ 613 ИНШООТ ДАР ЗАРФИ СЕ СОЛ

Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани  Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ   ободкориҳо ва сохтмони иншооти таъйиноти гуногун бо ҷӯшу хурӯш ҷараён доранд.
Дар доираи ин чорабинии муҳим дар шаҳри Ҳисор низ бунёди беш аз 613 биною иншоот пешбинӣ шудааст.
Тавре сармеъмори  шаҳри Ҳисор Тоҷиддин Шамсуддинов иброз дошт, дар асоси нақша дар  даҳ ҷамоати деҳот ва ду ҷамоати шаҳрак инфрасохтори соҳаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, варзиш, шабакаҳои обрасонӣ ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба таври куллӣ тағйир ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки ба беҳтаргардии сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинон равона шудааст. Дар маҷмӯъ,  қариб 50 мағоза,  45 маркази бузурги савдою  хизматрасонӣ,  беш аз 40 бунгоҳи тиббӣ, 22 дорухона, 40 майдончаи варзиш, 70 сартарошхонаву кошонаи ҳусн,  35 нонвойхона, 22 чойхона ва 20 ҳаммом ба истифода дода мешавад.
Ба гуфтаи сармеъмори шаҳр, аз 613 иншооти ҷашнӣ беш аз 400 – тои он аз ҳисоби соҳибкорон бунёд мегардад. Ҳамзамон, ба хотири  рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави кор   ва  аз кишвари аграрӣ  ба саноатӣ - аграрӣ табдил додани  мамлакат  то ҷашни давлатӣ дар шаҳр шаш  корхонаи бузурги саноатӣ, 33 коргоҳи дӯзандагӣ, 30  коргоҳи хурди истеҳсолӣ,  5 коргоҳи атласу адрасбофӣ, 5 фабрикаи парандапарварӣ, 2 фермаи чорводорӣ, 2 боғи интенсивӣ, беш аз 20 корхонаи мевахушккунию  коркард ва сардхонаю гармхона бунёд мегардад.
Ҷиҳати  рушди соҳаи маорифу тандурустӣ,  баланд бардоштани сатҳи маърифат, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароғату  тафреҳи аҳолӣ дар шаҳр 7 мактаб, 12 муассисаи томактабӣ, беш аз 60 синфхонаи иловагӣ,  3 китобхона, 2 осорхона, 5 клиникаи хусусӣ, 3 таваллудхона, зиёда аз 50 майдончаю толорҳои варзиш, 1 меҳмонхона, 2 аквапарк ва маркази дилхушии кӯдакона  ба истифода  супурда мешавад.
Беш аз 200 иншооти ҷашнӣ дар  ҷамоатҳои деҳоти «Хонақоҳи кӯҳӣ» (115) ва «Алмосӣ» (90) бунёд мегардад. Инчунин, дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор бунёди 9 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ бо фарогирии марказҳои  савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва аквапарк шурӯъ гардидааст.
Тоҷиддин Шамсуддинов зикр намуд, ки дар ҷамоатҳои деҳот дар радифи дигар иншоот бо мақсади баланд бароштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва тандурустии аҳолӣ бунгоҳҳои тиббии замонавӣ  бунёд мегарданд.
Зафар АКРАМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2018    №: 240    Мутолиа карданд: 996
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед