logo

фарҳанг

ЧАКАН. ЭЪТИРОФИ ОН ЭЪТИРОФИ МИЛЛАТ АСТ

Чуноне ки  хонандагони рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ доранд, Бунёди маориф ва илму фарҳанги СММ – ЮНЕСКО 29 ноябри соли ҷорӣ дар нишасти 13 - уми худ «Чакан» - ро ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ шомили феҳристи худ кард.
Ба феҳристи мазкур ворид шудани чакан ва ҳунари чакандӯзӣ, барои муаррифии он дар миқёси ҷаҳон ва ҳифзу идомаи анъанаҳои чакандӯзӣ мусоидат хоҳад намуд. Дар маъхазҳо омадааст, ки чакан таърихи беш аз 1800 - сола дошта, намунаи нахустини онро бостоншиносон дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон пайдо карданд.
Ҳунари чакандӯзӣ ҳамчун як унсури ҳувияти миллӣ аз замонҳои пеш то ба имрӯз нақши гуногунро дар ҷомеа дорад. Он воситаи таҳия ва ороиши либосу маҳсулоти маишии хонавода (дастархон, парда, чодар, пироҳан, бардеворӣ, болишт) буда, дар ҳамаи хонаводаҳои кишвар ба назар мерасад. Чакандӯзӣ ифодакунандаи зебоӣ, рамзи ҳамгироии инсону табиат ва як навъ зебоипарастӣ мебошад. Ҳар як гуле, ки бо нӯги сӯзан офарида мешавад, шинохти дунёст, ки асрҳо боз дар шуури мо нақш бастааст. Аз ҷумла, гулҳои даврашакли он ишорат ба Офтоб дорад, ки парастиши Офтоб аз оинҳои деринаи мост. Он гувоҳи ривоҷи маънавӣ, ғояҳои инсонгароии миллати мо буда, аз фарҳанги бою ғании халқамон дарак медиҳад.
Дар бораи чакан мо метавонем аз «Авасто» то «Шоҳнома» маълумот дастрас намоем. Аз чакан ва чакандӯзӣ дар осори Ҷайҳонӣ, Табарӣ, Муқаддасӣ, Мирхонд, Хондамир, Ҷалолиддини Балхӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва Аҳмади Дониш низ ёд шудааст. Оид ба равияҳои гуногуни гулдӯзӣ, сабкҳо ва таърихи он муҳаққиқони зиёде, аз қабили А. Бобринский, М. Винокурова, Н. Юнусова, М. Рӯзиев, Г. Майтдинова, Л. Додхудоева, Ш. Абдуллоева, Х. Содиқова, А. Аминова, М. Ғаниева, Ф. Руҳулова маълумоти фаровоне гирд овардаанд.
Шариф Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба омӯзиш ва таҳқиқи мероси таърихиву фарҳангӣ зиёд гардид ва, хушбахтона, дар ин давра, аз ҷониби олимони пажӯҳишгоҳ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расиданд.
Таҳия ва пешниҳоди номинатсияҳои унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои муаррифии бештари расму оинҳои тоҷикон ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Тоҷикистон то ба имрӯз аллакай чор номинатсияи худро ба рӯйхати  репрезентативии ЮНЕСКО ворид намуд.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ворид гардидани «Чакан» ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО аҳамияти хоса касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои таърихии зиёд дорад ва метавонад ҳар сол чандин номгӯйи фарҳанги ғайримоддиро ба ЮНЕСКО пешниҳод намояд.
Боиси хушнудист, ки ин намуди санъати миллии тоҷик, ки қабл аз ҳама бозгӯйкунандаи таърихи пурғановати  фарҳанги миллати тоҷик мебошад, дар радифи 40 унсури мероси фарҳанги ғайримоддии давлатҳои ҷаҳон ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2018    №: 240    Мутолиа карданд: 939
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед