logo

иқтисод

КӮЛОБ БА БУЗУРГШАҲРИ САНОАТӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Соли ҷорӣ ба шарофати ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб барои рушди фаъолияти  корхонаҳои саноатӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Корхонаи саноатии ҶСК «Сомон - Кӯлоб - таҷҳизот»  бо муассисаҳои ШСХК “Барқи тоҷик”, ҶСК “НБО Роғун”, КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” шартномаҳои тарафайн ба имзо расонд. Ҳолати молиявии корхона  беҳтар гардид, ҳар моҳ ШСХК “Барқи тоҷик” ба ҶСК «Сомон - Кӯлоб - таҷҳизот»  ба маблағи 200 - 300 ҳазор сомонӣ,  ҶСК “НБО Роғун” ҳамасола ба маблағи 2 - 3 миллион сомонӣ маҳсулот фармоиш дода,   КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” аз ин корхона хариди 40 номгӯи маҳсулоти корхонаро бар зимма гирифтааст. Ҳамзамон, корхона бо Вазорати кишоварзӣ, КВДҶ “Тоҷикагролизинг”, ҶСШП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор низ ҳамкориҳои тарафайнро  ба роҳ мондааст.
Дар доираи ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Чин барои васеъ намудани иқтидори истеҳсолии корхонаи чинии ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» 5 миллион доллар қарзи имтиёзнок дода мешавад. Дар ҶСК «Комбинати хонасозӣ», ки ба  истеҳсоли симчӯбҳои барқӣ, новаҳои бетонии қутрашон бузург машғул аст, дигаргуниҳои бузурги истеҳсолӣ  ба амал омаданд.
ҶСК “Шабакаҳои барқи Кӯлоб” дар ҳамкорӣ бо ШСХК “Барқи тоҷик”, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, вазоратҳои нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  вазифадор шудаанд, ки бо ҶСК «Комбинати хонасозӣ» шартномаҳои  ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Роҳбарияти ҶСК «Комбинати хонасозӣ» азм дорад, ки ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандаро зиёд намуда, шумораи кормандонашро ба 200 нафар расонад. Корхонаҳои ҶСК «Пахтаи Кӯлоб» ва ҶММ “Мармариён”  (корхонаи равғанбарорӣ), ки солиёни зиёд  фаъолият намекарданд, ният доранд, ки то моҳи марти соли 2019    200  ҷойи корӣ ташкил намоянд.
Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Кӯлоб  аз ҷониби КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” таъмиру навсозӣ шуда, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонда мешавад. КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” тибқи лоиҳа боғи роҳи оҳани шаҳри Кӯлобро обод менамояд. Боғи фарҳангии 15 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба тавозуни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гузаронда шуд.  Донишгоҳ аз рӯи лоиҳа навсозии онро мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ мемонад.
Боғи ба номи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон   таҷдид ва навсозӣ мегардад.
Сокинон аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ  намуда,  ба шаҳри бузурги саноатӣ ва зебову замонавӣ мубаддал шудани Кӯлоб итминони комил  доранд. 
Сулаймон СУЛТОН, мудири бахши бойгонӣ - матбуотии шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2018    №: 240    Мутолиа карданд: 992
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед