logo

фарҳанг

ҲУНАРМАНД. НАҚШИ ЯК НАФАР ДАР МУАРРИФИИ МИЛЛАТ

Мероси маънавии тоҷикон рангорангу бой аст. Он дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, мисли табиати Тоҷикистон гуногунранг мебошад. Асоси он ба созандагиву эҷодкорӣ равона гардида, ҳар чизе, ки сохта мешавад, ҳикмату маъниҳои хосса дорад. Ҳунар ганҷинаи гаронмояест, ки онро бо ягон сарвату дороӣ иваз карда намешавад. Шахси ҳунарманд дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.
Ҳунар дар ҳама давру замонҳо рисолати созандагии халқияту миллатҳо ва рушду нумӯи онҳоро иҷро кардааст. Таҷрибаҳои таърихӣ низ собит менамоянд, ки бештари кишварҳои олам тавассути ҳунарҳои милливу мардумиашон худро ба оламиён шиносондаанд. Масалан, сари либоси махсуси ҳиндуҳо, кемано моли ҷопониҳо ва чакан, ки чанде пеш ба феҳристи ЮНЕСКО шомил шуд, маҳсули ҳунари миллати мост.
Боиси ифтихор аст, ки ҳунарҳои мардумӣ дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, он ҳамчун воситаи тавоноии ташаккули идеологияи миллӣ, муарриф ва муайянкунандаи мақому манзалати ҷомеаву мамлакат дар арсаи байналмилалӣ хидмат мекунад. Бинобар ин, мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик дар шаклу намудҳои гуногун эҷод шуда, то ба имрӯз омада расидаанд. Дар тӯли таърих унсурҳои фарҳангие буданд, ки бо таъсири омилҳои мухталиф аз байн рафтаанд (коғазгарӣ, шишасозӣ, сӯзангарӣ, собунсозӣ...), ё  ҷойи онҳоро дигар техникаву технологияҳо гирифтаанд. Акнун вақти он расидааст, ки дар партави Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҷаҳониён ҳунарҳои волои мардумии хешро рӯнамоӣ карда, собит созем, ки Тоҷикистон кишвари фарҳангист.
Касбу ҳунарҳои мардумӣ, дар баробари он ки яке аз бахшҳои фарҳанги анъанавии мардуми мост, иқтисодиёти кишварро низ инкишоф мебахшад. Зеро касбу ҳунар ба эҷод кардан, сохтан ва офаридан марбут аст. Вақте як бонуи гулдӯз сӯзании зебое бо нақшу нигор медӯзад, он маҳсули ҳунарманд ба ҳисоб рафта, аллакай, як намунаи фарҳангӣ эҷод мегардад. Мусаллам аст, ки касбу ҳунарҳои мардумии мо зиёд буданд, вале имрӯз аз нисф зиёди онҳо ба боди фаромӯшӣ рафта, ҳатто, аз аксарияташон мардум огоҳӣ надоранд.
Боиси тазаккур аст, ки имрӯз зиёда аз 30 касбу ҳунари анъанавиро дар бахши панҷуми китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» ҷо намудаанд, ки қариб аксарияти онҳо дар гӯшаву минтақаҳои гуногуни кишвар роиҷанд. Дар мисоли адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, заргариву оҳангарӣ, танӯрсозиву сандуқсозӣ ва дигар касбу ҳунарҳои мардумӣ аз қадим то имрӯз миёни мардум маъруфияти худро аз даст надодаанд.
Бояд гуфт, ки шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан, Балҷувон, Дарвоз аз қадим аз ҷиҳати ҳунарҳои мардумӣ машҳуранд. Имрӯз, хушбахтона, бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вақти дубора эҳё гардидани ҳунарҳои азбайнрафта расидааст. Бо ин мақсад, ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шудааст. Пас, моро месазад, ки дар баробари ин ҳама ғамхориҳо барои рушди фарҳанги миллӣ талош варзем ва бо зинда намудани ҳунарҳои мардумии хеш таъриху тамаддуни халқи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем.
Баҳодур АХМЕДОВ, устоди Донишгоҳи молия
ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2018    №: 241    Мутолиа карданд: 860
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед