logo

иқтисод

"НУРИ ХОВАР". РУШДИ САНОАТ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛИСТ

Корхонаи воҳиди давлатии «Нури Ховар», машҳур бо номи «Заря Восток»  солҳои пеш иқтидори кориашро аз даст дода буд. Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тавассути  амалӣ намудани барномаи ислоҳотӣ аз мушкилиҳо раҳоӣ ёфта, марҳила ба марҳила домони фаъолияташро васеътар менамояд. То рафт барои иқтисоди миллӣ самари зиёд оварда,  дар ғанӣ гардидани  буҷет ва ободонии шаҳри Истиқлол ҳиссаи бузург мегузорад.
Соли 2018 барои  ҷомеаи меҳнатии корхонаи азими саноатӣ давраи густариши фаъолият буд. Татбиқи босамари нақшаҳои истеҳсолӣ ва роҳандозии технологияи навин барор овард. Тавлиди номгӯйи ҳамаи маҳсулот, аз қабили қубурҳои полиэтилении зарфияташон гуногун, лӯлаҳои об, зарфҳо, кату дастгоҳҳо, резини техникӣ барои дастгоҳу таҷҳизот, асбобҳои барқию автомобилӣ,  либоси мактабӣ ва махсуси корӣ,  дастпӯшакҳо, мизу курсӣ,  ҷевонҳо афзоиш ёфта,  дар бозорҳои дохилию хориҷӣ  харидор пайдо намуданд.  Дар зарфи даҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ дар корхона наздик ба 11 миллион сомонӣ расонда шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  950 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми  афзоиши истеҳсолот аз рӯйи нақша  ба 112, 1 дарсад баробар гардид.
Имсол  аз замони таъсиси корхонаи «Нури Ховар», 50 сол пур мешавад. Аҳли кормандони он мехоҳанд, ки  ҷашни нимасраи худро бо дастовардҳои баланди  истеҳсолӣ истиқбол гиранд.
- Дар  шароити муносибатҳои мураккаби иқтисоди  бозоргонӣ ҳамеша  роҳҳои босамари рушдро ҷустуҷӯ менамоем. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои гуногун ва чорабиниҳои дигарро роҳандозӣ намудем, ки  баробари  афзоиши номгӯйи маҳсулот,  барои таъсиси ҷойҳои нави кор шароит фароҳам омад.  Бовар  дорам, ки ҳамкорӣ бо корхонаҳои ватанӣ, аз қабили «Апрелевка», кӯҳӣ - саноатии «Тоҷикистону Хитой»  ва «Химзавод» - и шаҳри Исфара самари дилхоҳ ба бор меорад. Ҳамкориҳои судманд имконият медиҳанд, ки  боз наздик ба  100  сокини шаҳр соҳиби ҷойҳои нави кор хоҳанд шуд, - гуфт Парвиз Ҷабборзода, директори генералии корхона.
Ҳамчунин, роҳбарияти «Нури Ховар» дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ  иқдом пеш гирифтааст, ки мувофиқи  анъанаҳои миллӣ  рӯймолу шолчаҳои рангину дастбоф, сумкачаҳо, молҳои талаботи ҳаррӯзаи мардум  истеҳсол намуда,  дар шаҳр варзишгоҳи замонавии дорои шароити мосир бунёд намояд.
Дар радифи фаъолияти пурсамар роҳбарияту кормандони «Нури Ховар»  дасти кумак дароз намуданро  ба  пирони барҷомонда, собиқадорони меҳнат ва дигар ашхоси ниёзманд аз вазифаҳои инсондӯстонаи худ медонанд. Ба чунин нафарон пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунанд.  Барои сарбозони шуҷои қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр низ  дар арафаи иду ҷашнҳо дастархони идона ороста, дар таъмиру тармими макони будубошашон саҳми чашмрас мегузоранд.
Ба гуфтаи Парвиз Ҷабборзода, умед аст, ки «Нури Ховар» солҳои наздик ба туфайли татбиқи нақшаю  лоиҳаҳои нав ба  сатҳи баланди ҷавобгӯ ба талаботи низоми бозоргонии истеҳсолӣ мерасад. Ба ин васила, ҳадафи ниҳоиаш - таъмини бозорҳо бо маҳсулоти воридотивазкунандаи худӣ пурра амалӣ хоҳад шуд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2018    №: 243    Мутолиа карданд: 1020
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед