logo

туризм

АЗ САЙЁҲИИ ЗИМИСТОНА САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМЕБАРЕМ, ЧАРО?

Яке аз намудҳои сайёҳӣ, ки тайи солҳои охир ба он таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад, туризми зимистона мебошад. Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва иқлими мусоид барои ба роҳ мондани ин навъи туризм мувофиқ буда, метавонад дар минтақа ба яке аз марказҳои асосии сайёҳии зимистона табдил ёбад. Вале, чуноне аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон дар фасли сармо кам аст. Пас, чӣ бояд кард, ки дар ин давра теъдоди сайёҳон боз ҳам бештар гардад?
Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, 93 дарсади онро кӯҳҳо ишғол менамоянд. Шароити кӯҳистон имконият медиҳад, ки навъҳои гуногуни сайёҳии зимистона, аз ҷумла лижарониву экскурсионӣ, шикору муолиҷавӣ ва ғайра дар кишвар рушд кунад. Табиат ба мо имкониятҳои фарох додааст, аммо аз онҳо ба таври бояду шояд истифода бурда намешавад. Вобаста ба ин, мудири кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Фазлиддин Қодиров чунин гуфт:
Вақти он расидааст, ки дар кишвар баҳри истифодаи самараноки захираҳои туризми зимистона тадбирҳои муассир андешида шаванд. Бояд қайд кард, ки манотиқи Бадахшону Зарафшон барои ба роҳ мондани ин навъи туризм аз ҳар ҷиҳат мувофиқанд. Худи номи Помир, бо қуллаҳои сарбафалаккашидааш, барои сайёҳон бренд аст. Умуман, манзараҳои Тоҷикистон дар тамоми фаслҳои сол ҷолибанд. Масалан, чаро дар Искандаркӯл намудҳои гуногуни сайёҳии зимистонаро ривоҷ надиҳем? Ё Сафед-Дараро барои истироҳату фароғат дар фасли тобистон омода насозем? Фақат бояд иншооти инфрасохториро бо назардошти истироҳати тобистонаю зимистона бунёд намуд.
Мавриди зикр аст, ки бунёди осоишгоҳҳои иқлимӣ дар домони табиат ва ба ин васила роҳандозии табобат ба рушди туризми зимистона такони ҷиддӣ бахшад. Ин навъи сайёҳӣ дар кӯҳҳои Алп хеле ривоҷ ёфтааст. Дар ин ҷо шумораи зиёди осоишгоҳҳо мавҷуданд, ки талабот ба онҳо дар фасли зимистон низ зиёд аст. Сайёҳон ҳатто як сол пеш ҷой банд мекунанд. Тоҷикистон айнан ҳамин гуна шароитро дорад. Чаро аз ин шароити табиӣ фарогиртар истифода набарем?
Дар баробари ин, яке аз намудҳои маъмули варзиши зимистона, ки байни сайёҳон маҳбубият дорад, лижатозӣ мебошад. Махсусан, сайёҳони Аврупо ба ин навъи варзиш мароқи беандоза доранд. Дар Тоҷикистон бошад, танҳо пойгоҳи лижаронии Сафед-Дара ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалист.
Бо назардошти ин, мутахассисон пешниҳод менамоянд, ки барои омӯзиши имконияту иқтидорҳои воқеӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи сайёҳии зимистона дар мамлакат комиссияи махсуси коршиносони соҳа ташкил карда шавад, то дар шароити кишвар бунёд намудани иншооти инфрасохториро муайян созанд. Яъне, кадом минтақаи кишвар барои кадом навъи сайёҳӣ мувофиқу мусоид аст, маълум гардад. Пас аз ин, мутахассисон лоиҳаҳои иншоотро тарҳрезӣ намоянду мақомоти маҳаллӣ бо ҷалби соҳибкорон объектҳоро бунёд созанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон барои роҳандозии намудҳои гуногуни сайёҳии зимистона имконияти зиёд дорад ва омӯзиши ҳамаҷонибаи захираҳо тараққиёти минбаъдаи онро муайян хоҳад намуд.  
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2018    №: 244    Мутолиа карданд: 1032
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед