logo

иқтисод

БМТ. БАРРАСИИ ИҚТИСОДИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC) дар шаҳри Душанбе  Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Роҳ ба сӯи иқтисоди ғайринақдӣ: инноватсия, инфрасохтор ва дастрасии фарогир” баргузор гардид. Дар чорабинӣ масъалаҳои зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори низоми пардохтӣ, табодули таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар самти хизматрасониҳои бонкӣ тавассути технологияи муосири инноватсионӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба он ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии шаҳрвандон  баррасӣ шуданд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки таҷрибаи ҷаҳонии гузариш ба иқтисоди ғайринақдӣ дар кишвари мо марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст. Бонки миллӣ мисли дигар бонкҳои марказӣ рушди низоми пардохтиро аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, барои тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебарад. Ҳоло хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, пардохти электронӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, роҳандозии технологияҳои нави пардохтӣ ва баланд бардоштани иттилоотонӣ ва эътимоди аҳолӣ ба он дар ҷумҳурӣ ривоҷ ёфта истодааст. Иштирокчиёни ҳамоиш, ҳамчунин, доир ба тамоюли муосири рушди хизматрасониҳои молиявии рақамию электронӣ, инфрасохтори низоми пардохтӣ ва татбиқи технологияи муосири инноватсионӣ дар асоси рӯнамоҳо, мусоҳибаҳои панелӣ ва мизи гирд андешаронӣ намуданд.
Ба гуфтаи Касандра Колберт, роҳбари минтақавии IFC дар Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар марҳилаи аввали гузариш ба иқтисоди ғайринақдӣ қарор дорад. Ҷорӣ намудани чунин таҷриба, пеш аз ҳама, барои беҳтар  гардидани дастрасӣ ба хизматрасонии босифати  молиявӣ,  хароҷот ва боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ имконият медиҳад.
Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки дар ҷумҳурӣ кортҳои пардохтӣ  аз ҷониби 17 ташкилоти қарзӣ ба муомилот бароварда шуд ва то 1 ноябри соли ҷорӣ  қариб ба 1,8 миллион  адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 дарсад зиёд мебошад. Барои боз ҳам густариши муомилоти ғайринақдӣ  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ» омода шудааст ва дар ояндаи наздик ба тасвиб хоҳад расид. Дар доираи он ба пардохтҳои хидмати давлатӣ беҳбудӣ бахшида мешавад. Аз ҷумла,  низоми супурдани маблағи хизматрасониҳои давлатӣ тавассути пардохти электронӣ ва бо истифода аз корти бонкӣ ба роҳ монда мешаванд.  
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2018    №: 244    Мутолиа карданд: 1028
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед