logo

фарҳанг

КИТОБДОРӢ. ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Бо эъломи соҳибистиқлолӣ дар ибтидои солҳои навадуми садаи гузашта ва ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ тадриҷан дар қатори дигар соҳаҳои  хоҷагии халқ соҳаи табъу нашр низ рӯ ба густариш ниҳод.
Тавре маълум, то солҳои 2000-ум дар кишвар чопхонаҳои маҳсулоти чопиашон ба талабот ва меъёрҳо ҷавобгӯ ангуштшумор буд. Аз ин хотир, бархе аз маҳсулоти чопии мо дар давлатҳои хориҷ ба нашр мерасид. Пайи ҳам таъсис ёфтану ба фаъолият шурӯъ намудани чопхонаҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти полиграфии навин ба мисли «ЭР - Граф», “Ганҷ - нашриёт”, «Полиграф Групп», «Орбита», «Офсет», «Мега - принт», «Анис», «Бебок», «Графика - принт», «Ношир», «Хуросон» ва «Душанбе - принт» агар аз як тараф барои чопи босифати маҳсулот шароит муҳайё карда бошад, аз тарафи дигар ба нашри китобҳо дар хориҷ аз кишвар хотима гузошт.
Бо таъсиси чопхонаи хусусии «Ганҷ-нашриёт», ки бо навтарин таҷҳизоти чопгарии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба мисли Ҷопон, Олмон, Россия ва Чин  муҷаҳҳаз аст, нашри босифати маҳсулоти чопӣ муяссар гардида, имкон муҳайё шуд, ки чопи ҳуҷҷатҳои муҳим ва дорои аломати сиррию муҳофизӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ҷумҳурӣ нашри номгӯйи китоб дар муқоиса бо қарни гузашта се маротиба боло рафт ва дар як сол наздик ба се ҳазор номгӯйи китоб нашр мегардад. Ин нишондод дар замони шӯравӣ аз 900 номгӯй беш набуд.
Муассисаҳои нашриявии давлатӣ, ки дар тобеияти Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илм қарор доранд, дар чанд соли охир фаъолияти хеле густурда дошта, корҳои зиёдеро ба анҷом расонданд. Месазад аз кори пурсамари Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ҳарф зад. Муассисаи мавриди назар дар давоми 27 соли соҳибистиқлолии кишвар муваффақ шуд, ки 6 ҷилди Энсиклопедияи миллии тоҷик (дар даврони шӯравӣ ҳамагӣ 8 ҷилд ба чоп расида буд), ҷилдҳои 1 ва 2-и “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик”, ҷилди якуми “Донишномаи олимони тоҷик дар ибтидои садсолаи ХХI”, «Донишномаи кӯдакон ва наврасон», «Таърихи Табарӣ» дар 16 ҷилд ва китоби “Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - ро ба нашр расонад.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ (соли 2007) аз тарафи Муассисаи нашриявии «Адиб» таҳия ва чопи осори классикони адабиёти тоҷику форс зери унвони “Ахтарони адаб” дар 50 ҷилд оғоз ёфт. Бо гузашти 11 сол 39 ҷилди он ба табъ расид ва ҷилдҳои дигар дар арафаи чопу омодашавӣ қарор доранд.
Муассисаи нашриявии “Маориф”, ки акнун дар тобеияти Вазорати маориф ва илм қарор дорад, шурӯъ аз соли 2008 ба нашри силсилаи “Китобхонаи мактаб” оғоз намуд ва то кунун 62 номгӯйи онро бо теъдоди беш аз 600 ҳазор нусха ба чоп расонд. Ба ин силсила на танҳо осори адибони тоҷик, балки осори шоирону нависандагони давлатҳои қаламрави ИДМ низ шомил аст.
Падидаи дигаре, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи табъу нашр ба вуқӯъ пайваст ва ба тавсеаи  муаррифии китоби тоҷик мусоидат намуд, ин соли 2005 расман ба узвияти Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб (ISBN) пазируфта шудани ҷумҳурии мо буд. Дар як муддати кӯтоҳ моҳияти корбурди рақами стандарти байналмилалӣ барои ноширони мо тавассути ВАО фаҳмонда шуд.  Бо истифодаи ISBN агар аз як тараф риояи як стандарти сатҳи байналмилалӣ дар чопи китоб таъмин гашта бошад, аз тарафи дигар барои ноширони мо ҷиҳати ширкат дар намоишҳои сатҳи ҷаҳонии китоб имконият муҳайё гардид. Дар ин замина, муяссар шуд, ки дар манбаъҳои иттилоотии китобхонаҳои ҷаҳон роҷеъ ба китобҳои мо маълумоти библиографӣ ворид карда шавад.  Ҳамчунин, роҳандозии корбурди ISBN ба беҳтар шудани сифати китобҳо мусоидат намуд. Исботи ин нукта қадрдонии заҳмати ноширони мо дар намоишҳои байналмилалии китоб бо ифтихорнома ва грантҳову ҷоизаҳост. Моҳи майи соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон намоиши сеюми байналмилалии “Китоби АвроОсиё - 2018” сурат гирифт. Дар он Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва ҶДММ “ЭР-Граф” барои омодасозӣ ва чопи босифати “Донишномаи кӯдакон ва наврасон” соҳиби “Шоҳҷоиза” гардиданд. Ҳамчунин, соли равон китоби дигари Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик - "Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (ҳоло ду ҷилди он ба нашр расидааст) дар Озмуни байналмилалии давлатҳои узви ИДМ “Санъати китоб”, ки дар пойтахти кишварамон баргузор гардид, соҳиби “Шоҳҷоиза” шуд.
Дар фароварди сухан метавон бо итминон гуфт, ки умури ноширӣ дар кишвари мо дар ҳоли рушду густариш аст ва имкон муҳайёст, ки китобҳои мавриди ниёз бо беҳтарин сифат ба чоп бирасанд.
Сироҷиддин ИКРОМӢ,
директори Корхонаи давлатии таъминот
ва савдои “Китоб”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2018    №: 245    Мутолиа карданд: 1073
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед