logo

фарҳанг

БАЗМИ ЧАКАН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  29 ноябр бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид - ЮНЕСКО нигораҳои чаканро ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии фарҳанги ҷаҳон ворид кард. Ба ин муносибат дар шаҳри Кӯлоб нишасти хотирмони фарҳангие  баргузор гашт.
Дар толори қасри фарҳанг аз ҷониби ҳунармандони чакандӯз, муассисаҳои таълимии оливу миёнаи махсус намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кӯрпаву болишт, тоқиву   унсурҳои гаҳвора, куртаву чодарҳои  арӯсӣ, бардевориҳо ва дигар  нақшу ороишот ба  намоиш гузошта шуданд.
Дар чорабинии тантанавӣ Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб, ҳозиронро бо ин рӯйдоди таърихӣ  табрик гуфта, изҳор дошт, ки  Кӯлоб ватани аслии чакан аст. Чакан ифодакунандаи зебоӣ, рамзи ҳамгироии инсону табиат ва инсондӯстӣ мебошад. Ҳар гуле, ки бо нӯги сӯзан офарида мешавад, шинохти дунёест, ки асрҳо боз дар шуури мо нақш бастааст. Он гувоҳи ривоҷи маънавиёт, ғояҳои инсонгароии миллати мо буда, аз фарҳанги бою ғании халқамон дарак медиҳад.
Дар шаҳр бо роҳбарии Зариф Валиев ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чакан» фаъолият менамояд, ки ба он 50 нафар ҳунарманд ҷалб гардидааст. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои соҳибкорон 2 бино ҷудо гардида, 45 нафар занон ва духтарон фаъолият доранд. Дар маҳаллаи ба номи Розия Абдушукурова таҳти роҳбарии Муродалӣ Боронов коргоҳи хурди дӯзандагӣ таъсис ёфтааст, ки чеварон машғули чакандӯзиву зардӯзианд. Дар маҳаллаи Тамошотеппа  ҳунарманди чирадаст Савронбӣ Ҳасанова бо аҳли оилаи худ  ба чакандӯзию  гулбаст машғул буда, беш аз 30 нафар шогирд тарбия кардааст. Дар маҳаллаи Борбад Мавлуда Сафарова 15 нафар ва дар маҳаллаи Ориёно соҳибкор Нисо Шайдуллоева 10 сокини маҳаллиро  ба чакандӯзӣ  ҷалб намуда, дар байни мардум шинохта шудаанд.
Дар чорабинии фарҳангӣ ба як зумра ҳунармандони чакандӯз раиси шаҳр ифтихорнома ва   туҳфаҳо тақдим намуд, санъаткорон табъи ҳозиронро бо таронаву рақсҳои дилошӯби мардумӣ болида гардонданд.
Сулаймон СУЛТОН, мудири бахши бойгонӣ – матбуотии шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2018    №: 246    Мутолиа карданд: 831
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед