logo

иқтисод

ИШКОШИМ. ДЕҲАИ ДАШТ НАМУНАИ ИБРАТ

Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳия пардохти тамоми намудҳои андози ёздаҳ моҳи соли равонро сари вақт анҷом дода, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро 120  дарсад иҷро кардааст. Дастовардҳои ҷамоат аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси милливу ватанпарастии онҳо дарак медиҳад.
-Ифтихори  ватандорӣ боло мегираду ҳар як сокин дар таъмини иҷрои нақшаҳои давлат, ки рушди ояндаи кишвар дар пояи онҳо  устувор аст, баробари корманди мақомот худро масъул мешуморад. Чунин муносибати нек дар иҷрои вазифа ва қарзи шаҳрвандӣ ба кори рӯзмараи  бошандагони ҷамоат табдил шудааст. Аз ин рӯ, ҷамоати деҳот ҳамасола натиҷаҳои хуб ба даст меорад, - изҳор дошт раиси ҷамоати деҳот Наргис Хушқадамова.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба шарофати ташаббусҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди  ҷамоат хеле вусъат ёфтанд. Биноҳои нави замонавӣ, шодобкунии заминҳои  нав, роҳсозиҳо  ба ҳусни деҳот зебоии дигар  зам карданд. Танҳо соли  равон дар ин ҷо бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохта шуда, қариб 4,5 километр кӯчаву паскӯчаҳо чароғон ва мумфарш гардиданд. Бо мақсади ташкили ҷойи муносиби баргузории чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ барои сокинон сохтмони варзишгоҳ барои 4 ҳазор нафар ба роҳ монда шуд. Дар шафати варзишгоҳ бунёди бинои истиқоматии серҳуҷра дар арафаи анҷомёбист. Ин бино барои таъмини хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва омӯзгорону кормандони соҳаи тиб бо ҷойи зист пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин,  дар  маркази  ноҳия  ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 санги асос гузошта шуд.  Баъди ба истифода супурдани муассиса 1200 хонанда дар он бо шароитҳои замонавӣ ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Дар ин ҷамоати деҳоти дурдаст бахши хусусӣ  низ ривоҷ ёфтааст. Коргоҳҳои қаннодӣ, коркарди чӯб, дару тирезаи пластикӣ, истеҳсоли хишти сементӣ, таъмири автомобил, меҳмонхона, ошхона, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаҳо  дар хизмати  мардум қарор доранд.
Бо ибтикори Ҳукумати кишвар барои таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ  ва  ҷойи  кор танҳо дар мавзеи дашти ҳудуди ҷамоат  зиёда аз 100 гектар замини бекорхобида  ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид. Бо ин роҳ оилаҳои зиёд соҳиби замин гардиданд ва ҳоло зиндагониашонро пеш мебаранд. Айни замон  дар  ин  ҷо барои 71 нафар  ҷиҳати сохтмони  манзили истиқоматӣ қитъаҳои замин ҷудо шудааст.  Дар доираи барномаи муҳоҷирати дохилӣ имкон дорад, ки бешт аз 700 хонавода дар ин мавзеъ маскун шаванд ва  дашт  ба шаҳраки оянда табдил   ёбад.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2018    №: 246    Мутолиа карданд: 1004
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед