logo

туризм

ҚУБОДИЁН. АСРОРИ ТАХТҲОИ ШОҲНИШИН

Ноҳияи Қубодиён саршори мавзеъҳои таърихист ва месазад, ки дар борааш матолиби ҷолибу тоза навишт. Зеро он бо харобаҳои Тахти Қубод, Тахти Сангин (Хазинаи Амударё), ёдгориҳои таърихии Қалъаи Мир, Теппаи Шоҳ, Сафедмазор, Куҳандиз, Хуштармулло машҳури олам шудааст. Дар ҳудуди ноҳия, дар маҷмӯъ, 18 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст. Дар ин матлаб сухан танҳо дар мавриди Тахти Сангин ва Тахти Қубод хоҳад буд, зеро онҳо дар алоҳидагӣ як ҷаҳон асрори нуҳуфта доранд.

ЧАРО ТАХТИ САНГИН ГУФТААНД?
Ин маъбад бо ин ном, яъне Тахти Сангин дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шудааст, бинобар ин, олимон онро «Тахти Сангин» номидаанд ва азбаски ёдгории мазкур монандӣ ба Тахти Ҷамшед (Персеполис) – пойтахти империяи Ҳахоманишиён дошт, дар номгузорӣ ба он пайравӣ намуданд.
Соли 1976  34 километр дуртар аз маркази ноҳияи Қубодиён бостоншиносон ба таҳқиқи маъбади қадимаи Окс  (Тахти Сангин) шурӯъ  намуданд.  Он шаҳракест,  ки  дар замони  Ҳахоманишиён  бунёд  шуда,  дар  аҳди  юнону  мақдуниҳо рушду тараққӣ кардааст. Ин ёдгорӣ дар қисми ҷанубии ноҳияи Қубодиён, дар соҳили рости саргаҳи Амударё, ки оби рӯдҳои Вахшу Панҷ, Куҳандизи Афғонистон, Кофарниҳон бо ҳам омезиш меёбанд ва рӯди Амударё ташкил меёбад, ҷойгир аст. Тахти Сангинро аз шарқ Амударё, аз ғарб кӯҳи Тешиктош (Рафеъ), аз шимол ва ҷануб иншооти дуқабатаи муҳофизаткунанда  иҳота  кардаанд.  Маъбад  пурра  сангин  буда,  на танҳо сохти меъморӣ, балки ҳама ҷузъиёти он то ба имрӯз пойдор мондааст. Ин ёдгорӣ дар якҷоягӣ бо Тахти Қубод, ки 5 - 6 километр дуртар воқеъ аст, ба воситаи деворҳои пурқуввати сангин, бандари дорои гузаргоҳ ва шаҳраки соҳили чапи Амударё комплекси ягонаро  ташкил  медод.  Водиҳои камбари дар байни силсилакӯҳҳо ва рӯди Вахш ҷойгирбударо аз шарқ ба ғарб бо ду девори азим буридаанд.  Масоҳати  байни  деворҳо  ду  километр  буда,  байни онҳо хонаҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ намудоранд.
Яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи таърихнигорон ба ин маҳал дарёфти «Хазинаи Амударё» буд.  Дар нимаи дуюми асри ХIХ бозаргонони бухороӣ маснуоти фаровони таърихию бостониро (бештарашон тиллоӣ) ба бозорҳои Ҳиндустон барои фурӯш бурданд. Он замон, ки Ҳиндустон мустамликаи Англия буд, чанде аз афсарони англис маснуоти таърихиро харида, ба осорхонаи Британияи Кабир туҳфа карданд ва ҳоло қисмати аъзами бозёфтҳои Тахти Қубод дар Лондон ба намоиш гузошта шудааст.
Баъди ин ҳодиса, қиссаву ривоятҳои гуногун паҳн шуда, олимон макони дарёфти маснуотро омӯхтанд. Дақиқ кардан лозим буд, ки бозёфтҳо тасодуфӣ ба ин маҳал омадаанд, ё ватани аслӣ ва офаринандагонашон аз мулки Қубодиён аст.  Муқаррар шуд, ки макони бозёфтҳо соҳили рости рӯди Ому аст. Роҳнамои муҳим дар кашфи ёдгории Тахти Сангин маълумоти сайёҳ ва афсари Россияи подшоҳӣ Н. Маев буд.  Ӯ дар сафарномаи худ барои пажӯҳишгарони осори бостонии давраҳои баъдина ахбори пурарзише боқӣ гузошт, ки на танҳо мӯҷиби дарёфти ганҷинаи нодире гардид, балки имкон дод, макони аслии «Хазинаи Амударё» - ро муайян кунанд. Солҳои бистуми асри гузашта бостоншиноси маъруф Б. П. Денике пас аз омӯзиши навиштаҳои афсарону сайёҳони Россияи подшоҳӣ ба вайронаҳои ду шаҳрак мароқ зоҳир намуд.
Бостоншиноси  шӯравӣ  М. М. Дяконов  дар  бораи  Тахти Сангин маълумоти муҳим додааст. Аз рӯйи навиштаҳои ӯ,  харобаҳои Қалъаи Утар,  ки  дар  харитаи  қарни  ХIХ милодӣ  зикр  шудааст,  ҳамин  ёдгории  Тахти  Сангин  буд.  Бостоншиносон минбаъд низ аз дарёфти калиди «Хазинаи Амударё» даст  барнамегирифтанд.  Орзуи  пайдо  намудани шаҳраки  замони  Ҳахоманишиён  бостоншиноси  машҳури шӯравӣ А. М. Манделштамро соли 1956 ба Қубодиён овард. Ӯ як чоҳи таҳқиқӣ (шурф) канд, вале ҳамагӣ 20 сантиметр хато кард ва аз нодиртарин кашфиёт бенасиб монд.
Дар солҳои минбаъда бостоншиносони шӯравӣ академик Б. А. Литвинский,  солҳои 70 - ум  ва 80 - ум  доктори  илмҳои таърих  И. Р. Пичикян  дар  кашфи  розҳои  ниҳони  Тахти Сангин нақши муҳим бозиданд. Чанд соли охир ҳафриёт аз ҷониби бостоншинос Анжела Дружинина пеш бурда мешуд. Бозёфтҳои  бостоншиносон  ба  бисёр  муаммоҳои  аҳди Ҳахоманишиён  ва  Юнону  Бохтар  рӯшанӣ  андохтанд.  Ҳанӯз соли аввал, яъне соли 1976 аз ковишҳо он миқдор ашё ба даст омад, ки  ҳайратангез  буд.
Тайи  солҳои 1976 - 1989 экспедитсияи  бостоншиносии Тоҷикистони ҷанубӣ таҳти сарварии Б. А. Литвинский ва сардори отряди археологии Тахти Сангин И. Р. Пичикян кофтукови  ин  ёдгории  бузурги  таърихиро  асосан  анҷом доданд. Дар натиҷа ибодатгоҳи муҳташаме кашф шуд, ки дар он  зиёда  аз 500 навъи  ашё  маҳфуз  буда,  тибқи  гуфтаи муҳаққиқон, бозёфтҳои таърихӣ ба давраҳои гуногуни байни қарнҳои V – II то милод тааллуқ доранд.

ТАХТИ ҚУБОД ЧӢ ТАЪРИХ ДОРАД?
Дар китоби «Таърихи Табарӣ» чунин омада: “Дар ҳудуди Хуттал (Хатлон) шоҳи Сосониён – Қубод шаҳре бунёд кард, ки он Қубодобод ном дошт”. Дар ёдгориҳои адабию  динӣ,  маъхазҳои  таърихӣ  ва «Шоҳнома»-и  Абулқосими Фирдавсӣ оид ба Кайқубод ривояту қиссаҳои мухталифи афсонавию таърихӣ боқӣ мондаанд. Дар «Авесто» номи Кайқубод  ду  бор  (дар  «Фарвардиняшт», ва  «Зомиёдяшт») вомехӯрад.  Дар  осори  забони  паҳлавӣ  Кайқубод  ҳамчун саромади хонадони Каёниён, подшоҳи накукор ва ҳушманде тасвир  ёфтааст.
Шаҳраки  Тахти Қубод дар соҳили рости рӯди Ому, дар муқобили  он  ҷое, ки  рӯди  Куҳандиз (Қундуз) ба  Амударё мерезад, 5  километр  ҷанубтар  аз  Тахти  Сангин  ҷой  гирифтааст.  Ақидае  ҳаст, ки «Ганҷинаи Амударё» маҳз аз ҳамин ҷо ёфт шудааст.  Қабати  болоии  шаҳрак  дар  натиҷаи  корҳои сохтмонии  замони  шӯравӣ  сахт  зарар  дидааст.  Қисми марказии он ба теппаи росткунҷа шабоҳат дорад. Баландии он аз пойгоҳ 8 - 9 метр мебошад. Дар атрофи теппаи марказӣ боқимондаҳои иншооти вайроншуда мехобанд. Дар қабати болоии  шаҳрак  тангаҳои  замони  кӯшонӣ  ва  сосонӣ  ёфт шудаанд. Тангаҳои асримиёнагии қадим низ ба даст омадаанд. Бостоншиносон дар натиҷаи таҳқиқоти хеш ба ақидае омадаанд, ки шаҳраки Тахти Қубод ба аҳди юнону бохтарӣ ва кӯшону сосонӣ мутааллиқ аст.
Сокинони маҳаллӣ шаҳраки Тахти Сангинро «Қалъаи Утар» ва шаҳраки Тахти Қубодро «Тахти Қуват» меноманд. Бояд гуфт, ки шакли  талаффузи  мардуми  таҳҷойии Қубодиён – «Тахти Қуват» гунаи аслӣ ва қадимаи ин ном аст, зеро дар забони форсии қадим  ва  ҳатто  форсии  нав (форсии  дарӣ)  номи Қубод дар шакли Кувоз, Кувот (Кувата – Кувотиён, Куваза – Кувозиён) навишта ва хонда мешуд. Бо мурури замон, овози «к» бо таъсири забони арабӣ ба «қ» ва овозҳои «т» ва «з» ба овози «д», овози «в» ба овози «б» бадал шудаанд. Дар китоби «Муъҷам - ул - булдон» - и Шаҳобиддин Ёқут ибни Абдуллоҳи Бағдодӣ омадааст: «Қубодиён – бо замма, пас аз «алиф» «зол» ва «йо» ва дар охир «нун» аз навоҳии Балх аст».
Дар байн овози «ӣ»  аст,  ки  мансубиятро  ифода  мекунад,  яъне «қубодӣ» –  мансуб  ба Қубод.  Ҷузъи  охири  ин  калима  ҳамон  пасванди  машҳури ҷамъбандии «ён» аст,  ки  имрӯз  ҳам  дар  забони  форси тоҷикӣ роиҷ  аст. Бинобар ин, «Қубодиён» - ро макони қубодиҳо, яъне ашхоси  мансуб  ба  қавми  Қубод  шарҳ  додан  мумкин  аст. 
Ҳоло дар бораи ёдгориҳои таърихии Қалъаи Мир, Теппаи Шоҳ, Сафедмазор, Куҳандиз, Хуштармулло, Қубодшоҳ ва дигарон чизе нагуфтем, то сухан ба дарозо накашад. Аммо ин сарзамини таърихӣ муаррифии бештарро мехоҳад. Бигзор, ҷаҳониён бидонанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистони мо шаҳракҳои қадими аҳди ҳахоманишӣ, юнону мақдунӣ ва бохтарӣ мавҷуд аст, ки бо шаҳрҳои бостонии Юнону Рим паҳлу мезананд. Барои ҳифзи он аз шикасту рехт низ чораҳои зарурӣ андешида шаванд, судманд хоҳад буд.
Бузургмеҳр БАҲОДУР,
Маҳмуд БАҲРОМ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2018    №: 246    Мутолиа карданд: 1262
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед