logo

туризм

РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ САЙЁҲӢ. ОМИЛИ МУҲИМИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН

Имрӯзҳо дар натиҷаи таблиғу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аксари ширкатҳои сайёҳӣ бештар ба воридоти сайёҳон ва сайёҳии дохилӣ машғул шуда, беш аз 20 хатсайри нави сайёҳӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар роҳандозӣ гардид.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар шаҳру ноҳия марказҳои хизматрасонӣ барои сайёҳон ба фаъолият мепардозанд.
Эҳёи гузарҳо ё шаҳракҳои ҳунармандон ва гузаргоҳи хӯрокҳои миллӣ дар назар дошта шудааст. Дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ тавассути Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои рушди навъҳои хизматрасонии сайёҳӣ, рушди истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, тармиму таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар тасмимҳоеанд, ки вақтҳои наздик амалӣ хоҳанд шуд.
Дар кишвари азизамон барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии экологӣ, фарҳангиву таърихӣ, муолиҷавӣ ва шикор имкониятҳо фаровонанд ва онҳо бояд мавриди истифодаи умум қарор гиранд.
Моҳи июли соли 2016 низоми содакардашудаи дастрасии раводид ҷорӣ гардид. Тоҷикистон  аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводид, аз ҷумла сайёҳӣ дар раддабандии байналмилалии маҷаллаи сайёҳии бритонии “Вандерласт” (“Wanderlust”) дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро соҳиб шуд. Низоми содакарда бо 80 кишвари олам ба роҳ монда шудааст ва реҷаи бераводид бо 11 кишвар амал мекунад. Шаҳрвандони хориҷӣ давоми 30 рӯз дар кишвари мо бе қайд дар мақомоти дохилӣ будубош карда метавонанд. Ва тибқи дастури Сарвари давлат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2017) бармеояд, барои то 10 рӯз тамдид намудани будубоши шаҳрвандони бо дигар мақсад ташрифоварда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи сиёсати пайгиронаву созандаи Пешвои миллат сол ба сол ташрифи сайёҳон ба мамлакат афзоиш ёфта истодааст. Рушди инфрасохтор яке аз омилҳои муҳими ҷалби сайёҳон ба кишвар арзёбӣ мешавад. Агар дастовардҳо дар ин самт бо чунин суръат зиёд гардад, дур нест, ки Тоҷикистони азизи мо ба макони сайру саёҳати ҷаҳониён табдил ёбад.
Авлиё ХОЛМУРОДОВ, донишҷӯи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2018    №: 247    Мутолиа карданд: 1096
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед