logo

иқтисод

ШУКРОНА. БАРДОШТ АЗ ТАМОШОИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН, КИ ШУКУФТАН ДОРАД

Тӯли 27 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ноҳия ба дастовардҳои хеле бузург ноил  гардида, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии он ба таври назаррас пеш мераванд.  Бунёди роҳи автомобилгарди байналмилалии қитъаи Шӯрообод – Шоҳон, муассисаҳои таълимии замонавии муҷаҳҳаз бо ҳуҷраҳои фаннӣ, биноҳои қасри фарҳанг ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  бо  сифати аъло анҷом ёфтаанд.  Дар деҳаҳои дурдаст мактаб, бунгоҳҳои саломативу беморхонаҳо сохта шуданд.  Кӯчаю гузаргоҳҳои  марказӣ асфалтпӯш буда,  боғи фарҳанг ва меҳмонхонаи замонавӣ дар хизмати мардум қарор доранд.
- Омодагиҳо барои пешвози сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи баланд идома доранд. Имсол  45 иншооти хурду бузург  ба маблағи 52 миллион  сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, нақшаи чорабиниҳои бунёдкорию созандагӣ барои солҳои 2018 - 2021 таҳия шуда, тибқи вазифагузориҳои гурӯҳи корӣ то моҳи сентябри соли 2021 боз бунёди 130 иншооти таъйиноти гуногун бояд пурра амалӣ шавад. Дар маркази ноҳия биноҳои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо сарфи беш аз 6 миллион, қасри фарҳанг ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ  барои 455 ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбист.
Ҳамчунин, тибқи фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 12 миллион сомонӣ оғоз ёфтааст. Аз моҳи январи соли 2019 бо маблағгузории Бонки рушди Осиё ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ сохтмони бинои сеошёнаи беморхонаи марказӣ ба роҳ монда мешавад, - изҳор дошт Почохон Зарифзода, раиси ноҳия.
Ба гуфтаи ӯ, мардуми бонангу номуси ноҳия ҳамеша аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат шукргузор буда, баҳри саодати фардои  миллату Меҳани худ  саҳми муносиб  мегузоранд. Ҳамчунин, бо мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ ба насли ҷавон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Мирмад Зарифов дар деҳаи Шӯрообод майдончаи варзиш сохта шуд.
Ноҳия аз лиҳози ҷуғрофӣ низ мавзеи хуби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, боду ҳавои мусоид, табиати биҳиштосо ва афсункори он барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат мекунад. Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия боз ҳам чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намуд. Бобати муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ дар шабакаи интернет сомонаи алоҳидаи  хатсайрҳои сайёҳии Имом Алии Аскарӣ ва мамнӯъгоҳи Даштиҷум фаъол гардонда шуд. Соҳибкорони маҳаллӣ барои қабули сайёҳон бо тарҳи зебову замонавӣ меҳмонхонаҳои боҳашамат сохта истодаанд. Соҳибкори ҳимматбаланд, Шамс Назаров дар шафати Шоҳроҳи бузурги абрешим, ки аз маркази ноҳия гузашта, кишварро ба ҷаҳони беруна мепайвандад, боғи намунавӣ иборат аз меҳмонхонаи замонавии дорои  шароитҳои васеи маиширо  барои қабули меҳмонону сайёҳон сохта ба истифода додааст. Боғ 5 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадор дошта, дар саҳни ҳавлиаш катҳои чӯбини пур аз нақшу нигори тоҷикона  ҷой дорад. Ҳамчунин, соҳибкори маҳаллӣ Аламхон Нуров дар канори  шоҳроҳ меҳмонхонаи хуштарҳи  дуошёнаи ҳозиразамон бунёд намуда истодааст, ки рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ободкорию созандагӣ ва навгониҳои куллӣ аз он далолат медиҳанд, ки мардуми сарбаланду баору номуси  ноҳия дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакатро сармашқи кори худ дониста, баҳри шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон камари ҳиммат бастаанд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2018    №: 247    Мутолиа карданд: 970
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед