мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли эҷод мулоқот кард
Нимаи дуюми 8 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи зиёди намояндагони аҳли эҷод, аз ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шоирону нависандагон, мулоқот намуд.
Дар ҳамоиш масоили вобаста ба инъикоси мавзӯъҳои мубрами ҷомеа дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла вазъи энергетикии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли эҷоди мамлакат, пеш аз ҳама намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба инъикоси воқеъбинона ва дурусти ҳадафҳои мазкур, дар сатҳи баланди касбӣ ва диду нигоҳи зебову расо омода кардани барномаҳои радиоию телевизионӣ ва матолиби хабарию таҳлилӣ даъват намуд.
Зимни мулоқоти ошкору самимӣ ва суолу дархостҳои сершумори аҳли эҷод аз ҷумла аён гашт, ки имрӯз ҳамагон даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба саҳмгузории дастаҷамъона дар бунёди нерӯгоҳи тақдирсози Роғун ва татбиқи дигар ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1806