logo

президент

Президент ба интишор ва фурӯши саҳмияҳои Роғун таваҷҷӯҳ зоҳир сохт

7 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат  ва дигар шахсони масъул оид ба  омодагӣ ба интишор   ва фурӯши саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун машварати корӣ доир намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили интишори саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, роҳҳои ба харидорон пешниҳод намудани онҳо ва ҳамчунин ҳуқуқи саҳмиядорон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дастур дод, ки саҳмияҳо бо сифати баланди хоси коғазҳои қиматнок чоп карда шаванд ва харҷи ҳадафманди маблағҳои ҷамъшуда зери назорати қатъӣ қарор бигирад.
Бо назардошти шумораи зиёди хоҳишмандоне, ки ғайр аз хариди саҳмияҳо омодаанд ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун маблағҳои хайрия равона созанд, дастур дода шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар назди филиалҳои маҳаллии бонкҳо, марказҳои қабули маблағҳои хайрия кушода шаванд.
Бо дархостҳои сершумори тоҷику тоҷикистониёни бурунмарзӣ супориш дода шуд, ки механизми қабули маблағҳои хайрия ва фурӯши саҳмияҳо ҳамчунин дар кишварҳои хориҷӣ муайян  шавад.
Аз мардуми мамлакат бори дигар даъват  шуд, ки аз ҳисоби кам кардани хароҷоти маъракаҳои хурсандӣ ва дигар расму ойин ҳарчи бештар дар маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун саҳмгузорӣ намоянд.
Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати маориф, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифадор шуданд, ки дар тарғибу ташвиқи ҳадафманди мардум ба саҳмгузорӣ дар бунёди ин нерӯгоҳи тақдирсоз фаъол бошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3700
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед