logo

фарҳанг

ХУДО ОН ҶОСТ, КИ РОСТӢ ХОНА ДОРАД...

Мардуми тоҷик дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба муаммои сардаргум печид. Махсусан, ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо дастгирии хориҷиён ва мусоидати Ҳизби наҳзати ислом оғоз гардид, сабаб шуду ҳазорон шаҳрвандон ҷони худро аз даст доданд, қисме аз мардум бехонаву дар  монда, овораву сарсон ба хоки Афғонистон ва дигар кишварҳо фирор карданд.
Аз ин ҳодисаҳои мудҳиш ва нанговар ду даҳосола гузаштаасту бас. Вале маълум мегардад, ки як зумра касони иғвоангез аз он ҳодисаҳои даҳшатнок сабақ нагирифтаанд. Ваъда дода буданд, ки дигар ба ин корҳо даст намезананд ва танҳо барои манфиати мардуми тоҷик ва Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Аммо солҳои охир чунин тарзи рафтору муносибати онҳоро надидем ва маълум мешавад, ки ваъдаҳои онҳо саризабонӣ будааст.
Аз осори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то  Садриддин Айнӣ ғояи сулҳ дар ҷои аввал қарор дорад. «Шоҳнома» - и безаволи Фирдавсӣ достони ситоиши хирад, сулҳ, созандагӣ ва таҷаллии рӯҳи ҷовидонаи мардуми озодаи мо мебошад. Арзиши волои сулҳ дар давраҳои мудҳиш ва хатарноки таърих боз ҳам возеҳтару амиқтар таҷассуми худро ёфтааст. Масалан, даврони лашкаркашиҳои Искандару Чингизхон ва Темур боиси қурбонии ҷони миллионҳо нафар мардуми бегуноҳ ва нобуд гардидани осори гаронбаҳои гузаштагон шуда буд.  
Саъдии бузургвор бо назардошти аҳамияти таърихии сулҳ, зарурати он, амният ва пешрафти ҷомеа, онро чунин қаламдод кардааст:
Агар пилзӯрӣ, агар шерчанг,
Ба наздики ман сулҳ беҳтар зи ҷанг.
Эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ фарогири фалсафаи сулҳи умумибашарӣ буда, дар «Маснавии маънавӣ» - и ҷовидонааш ваҳдат, дӯстӣ, бародарӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ ва робитаи неки байни инсонҳоро аз ҷумлаи рисолатҳои азаливу аслии ҳузури башар шумурда, чунин мефармояд: 
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.
Мавлоно муқобили ҷудоиву душманӣ ва ҷангу хунрезиҳо дар дунё буда, асли ҳаёти башарро дар пояи меҳр, рафоқат ва некиву ҳамзистӣ дар байни халқиятҳо медонад. Нигоҳи ӯ на ба як миллату халқияти ҷудогона равона аст, балки ӯ инсониятро дар як ҳад қарор медиҳад ва амнияту осоиши башарро амнияти ҷаҳон медонад.
Далелҳои таърихӣ собит менамоянд, ки аҷдоди мо аз давраҳои қадим  на  танҳо дар бораи олами набототу коинот изҳори ақида кардаанд, балки аз боби эътиқод, имон, дину оин, фалсафа, ҳаёту мамот, маънавият ва паҳлуҳои гуногуни он ибрози назар намудаву мавқеи хос доштаанд.
Фазилат ва маънавиёти воло доштани ниёгони мо осори онҳоро то ба имрӯз пураҳамият нигоҳ доштааст. Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки онҳо ҷонибдори сулҳу субот ва оромии сарзамини худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ низ будаанд. Бовар доштанд, ки ягонагиву суботи сиёсӣ иқтидори давлатро баланд бардошта, пешрафту ободии ҷомеаро таъмин менамояд. Пас, сабаб чист, ки имрӯз намояндагони ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзат дар Аврупо истода, худро ҳамчун шахсони миллатдӯст, худогоҳ вонамуд мекунанд ва бар муқобили халқу миллати хеш санги маломат мезананд?
Хушбахтона, Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ба муваффақиятҳо ноил шуда истодааст. Бовар дорем, ки дар оянда низ бо меҳнату заҳмати шаҳрвандон кишвари азизамон ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад ва душманону нотавонбинон бо ҳасрату таассуф хор мешаванд.
Шуҳрат САИДЗОДА,  дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2018    №: 248    Мутолиа карданд: 874
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед