logo

фарҳанг

ШОҲИН – ШАҲБОЗИ МАРҒЗОРИ ФАЗЛУ КАМОЛ

Мақолаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад, ки ба 160 - солагии шоири номвар Шамсиддини Шоҳин бахшидааст, «Гули баҳорнадида» унвон дорад. Аз сарлавҳаи мақола пайдост, ки ба ҷавонмаргии шоири шаҳиру тозагӯ ишора дорад. Аммо ин ишора дард дошта, дардҳои дигарро ангеза медиҳад. Зеро Шоҳин барин шоири озодаву покманишро зулму истибдоди замонааш кушт. Вагарна, ӯ метавонист дар олами шеъру шоирӣ ба қавли мардум, «қиёмат барпо кунад».

Ҳамагӣ 35 сол ё дар баъзе сарчашмаҳои дигар 36 сол умр дидани шоир ҳаргиз фурсат намедод, ки ӯ водии камолро пурра тасхир ва ашъорашро тадвин намояд. Шоҳин аз зумраи он рӯшанфикрони замон буд, ки на танҳо тавассути шеър, балки ба воситаи насри нешдору намакин камбуду ноқисиҳои даврро ошкор ва барои ислоҳашон раҳнамоӣ мекард.
Дар водии Зарафшон – Бухорову Самарқанду Панҷакенту Мастчоҳу Фалғар агар ҳарфи Аҳмади Донишу Туғрал қадру қурби баланд дошт, халқ аз пайи эшон мерафт, дар Хатлонзамин Шоҳин ҳамин манзалатро дошт. Агар «Бадоеъ - ус - саноеъ» - ро мушоҳидакорона мутолиа намоед, ифшо мешавад, ки ҳадафҳои Шоҳин бо мақсаду мароми Аҳмади Дониш яксон аст.
Нав кардани сохти ҷомеа, бартарият додан ба маърифату дониш ва хушбахт кардани мардуми одӣ. Вақте нависанда  ҷомеаи худро аз хубу зишти замона огоҳ намекунад, берисолат аст. Инро Шоҳин нек мефаҳмид ва ҳамеша бонги изтироб мезад. Нависанда А. Самад аз устод Садриддин Айнӣ ин иқтибосро меорад, ки зикраш баҷост: «Усули ҳукуматдории амир (Абдулаҳад – Б. С.) низому насақи дарбори ӯ ба монанди Шоҳин – як шаҳбози марғзори фазлу камол ва озодӣ ҳеҷ мувофиқ наафтодааст». Дар ин мисраъҳо шӯру ғалаёни дили шоирро бештар ҳис кардан мумкин аст:

З-он сон, ки хоҳиши даҳр ҷуз шӯру
шар набошад,
Бадтар дар ин замона айб аз ҳунар набошад.
Суди матои дониш ғайр аз зарар набошад,
Одам касе нахонанд онро, ки хар набошад.
Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад,
Аммо чӣ метавон кард, ҷои дигар набошад!

Ба ҳадде даврони шоир беназму бетартиб буда, ки ҳар кӣ доно шуду аз камбудиҳо ҳарфе гуфт, хараш мехонданд ва аз ҷомеа берунаш мекарданд. Дар мисраи «Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад» дилбастагии шоир ба Ватан – ба хоки муқаддаси модарияш изҳор мешавад. Ӯ аз ин ҷомеа канора ҷуста рафтанист, аммо ҷазабаи ишқи Ватан намегузорад, ки равад. Чунки фазои парвози Шоҳин Бухорою Хатлони азизаш аст. Ӯ дар баробари ҳамарӯза дидани ноадолатиҳо, боз ҳам мубориз боқӣ мемонад, навмед намешавад ва аммо дили ҳассоси шоир то ба кай метапад дар чунин муҳити зиндонмонанд?! Ниҳоят гирифтори сил шудаву рахт аз ҷаҳон баст.
Устод Абдулҳамид Самад бо нозукии ба худ хос ҳушдор медиҳад, ки ба қадри адибон, ки чашму гӯши миллатанд, дар вақташ бояд расид. Аллома Иқбол низ фармуда:
Шоир андар синаи миллат дил аст,
Миллати бешоир анбори гил аст.
Абдулҳамид Самад дар ҷои дигари мақола ёдовар мешавад, ки Лоиқ Шералӣ ҳар гоҳ аз Шоҳин ёд карда, ӯро «Лермонтови адабиёти тоҷик» мегуфтааст. Маълум мешавад, ки устод Лоиқ ба бузургии Шоҳин дар шеъру адаб арҷ мегузоштааст, ки ин шеър маҳсули ҳамин арҷгузорист:
Ҷавонмардон!
Ҷавонмаргон!
Рафаеллову Лермонтов,
Дақиқиҳову Шоҳинҳо,
Маяковскию Байрону Лорка,
Ва Мотсарту Петефиву Есенинҳо,
Ва Пушкинҳо, Гагаринҳо,
Ҷавонмарг ар намерафтед  бо ҳукми худу даврон,
Ҷаҳон беҳтар ҷавон мешуд.
Гар, эй истораҳои аз фалак афтода,дар хоки сияҳ мурда,
Ба рӯи ин замини беситора ҷамъ мегаштед,
Замин кайҳо баланду покрӯ чун осмон мешуд.
Б. САЛИМОВ,
аспиранти Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2018    №: 249    Мутолиа карданд: 944
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед