logo

фарҳанг

ЗЕБОИ "ЗЕБО". БАРДОШТ АЗ 55 - УМИН СОЛГАРДИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ АРТИСТИ ХАЛҚӢ

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерт таҳти унвони «Базми Зебо» баргузор гардид. Ин барномаи бошукӯҳ ба ифтихори 55 - умин солгарди фаъолияти эҷодиву ҳунарии Артисти халқии СССР, устоди рақс, поягузори ансамбли овозадори «Зебо» Зебо Аминзода бахшида шуд.

Дар барнома зикр шуд, ки Зебо Аминзода  шаҳбонуи саҳнаи рақс буда, барномаҳои ӯ бо гулдухтарон аз оғози солҳои 70 - уми асри гузашта ба дилу дидаҳои мардум роҳ ёфт. Зиёиёну ҳунармандони маъруфи замон пешниҳод намуданд, ки ансамбли рақсӣ ташкил ёбад ва роҳбарии онро худи Зебо Аминзода ба уҳда гирад. Соли 1978 ансамбли «Зебо» таъсис дода шуд. Раққосаҳои ҳунарманди даста аз ин илҳоми тоза гирифта, барномаҳои худро боз ҳам рангинтару ҷолибтар карданд.
Бавижа, суруди «Эй санам» (шеъри халқ, оҳанги Ю. Лядов), ки дар иҷрои овозхони маҳбуби гурӯҳи эстрадии «Гулшан» Тоҷиддин Муҳиддинов пешкаши мухлисони санъат гардид, дар олами ҳунар ғулғула афканд. Зебо Аминзода бо огоҳӣ аз асрору нозукиҳои санъати рақс маҳбуби халқ шуд ва шуҳрати беандоза ёфт.
Зебо Аминзода бо даста ва барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ соли 1986 ба Маскав сафар кард ва ҳамон сол унвони Артисти халқии СССР - ро сазовор гардид.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба аҳли ҳунар афзуда, дастаҳои машҳури рақсиву эстрадӣ аз нав ба фаъолият оғоз карданд. Аз ҷумла, бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ансамбли “Зебо” мақоми давлатӣ гирифта, дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Зебо Аминзода боз ҳам роҳбарии дастаро ба зимма гирифт ва ҳоло даҳҳо духтаракону бонувони боистеъдодро тарбия мекунад.
Дар консерти «Базми Зебо» рақсҳои “Эй санам”, “Попурӣ”, “Тановор”, “Нағорабазм”, “Хиромон”, “Боди сабо” пешкаши тамошобинон шуда, баҳои баланд гирифт.
Дар анҷоми консерт худи Зебо Аминзода ба саҳна омада, зери танини суруди “Тановор” барои мухлисони бешумораш ба арғушт рафт.
Бузургмеҳр БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2018    №: 250    Мутолиа карданд: 982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед