logo

иқтисод

ОБЁРӢ. МАЙДОНИ ЗАМИНҲОИ КОРАМ МЕАФЗОЯД

Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ,  изҳор дошт, ки агентӣ дар асоси   дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми  ёздаҳ моҳи соли равон бобати  таъмини истифодабарандагон бо об, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, аз худ намудани заминҳои нави обёришаванда ва гузарондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ корҳои муайянеро анҷом додааст.

Дар ин муддат идораҳои агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қариб бо 50 ҳазор истифодабарандаи об  баҳри обёрии зиёда аз 551 ҳазор гектар шартнома ба имзо расонданд. Аз оғози моҳи март тариқи шабакаҳои худҷорӣ пурра ва тибқи дархости хоҷагиҳои кишоварзӣ тавассути пойгоҳҳои обкашию   чоҳҳои амудӣ заминҳои кишоварзиро бо оби полизӣ  таъмин карданд.
Пардохти  саривақтии ҳаққи хизмати обрасонӣ омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои омодасозии шабакаҳои обёрӣ ва таъмини саривақтии  об мусоидат менамояд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодабарандагони дигар имсол ҳаққи хизматрасонии  агентиро нисбат ба соли пеш  дар вилоятҳои Хатлон   8,2 миллион сомонӣ, Суғд 1,8 миллион сомонӣ ва   ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  753,6 ҳазор  сомонӣ зиёд пардохтанд. Дар   Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҳаққи истифодаи об  100,4  ҳазор сомонӣ пардохт гашт, ки нисбат ба соли гузашта  60,8 ҳазор сомонӣ кам  аст. Дар ин давра, аз ҷониби агентӣ ба мақомоти суд ва прокуратура ба маблағи  21,8 миллион  сомонӣ мавод пешниҳод гардид ва 8,4 миллион сомонӣ қарзи хизматрасонии об рӯёнда шуд.  
Тибқи ҳисоботи кадастри мелиоративӣ  то   1 январи соли 2018 дар ҷумҳурӣ заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш зиёда аз 37 ҳазор гектарро ташкил дод. Соли  равон  вазъи обёрии  8451 гектар замин  беҳтар гардонда шуд. Аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ дар иншооти  соҳаи обёрӣ ва беҳдошти замин қариб 14 миллион сомонӣ аз худ гардид. Аз ин ҳисоб корҳои сохтмонию васлкунӣ ба иҷро расида, 398 гектар  замини  нав аз худ ва   ҳолати мелиоративии 300 гектар майдони кишт беҳтар карда шуд. Дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020”, соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ заминҳои солҳо боз бекорхобида ба маблағи беш аз 3,2 миллион сомонӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид гаштанд.
Дар баробари пешрафт дар фаъолияти агентӣ ва сохторҳои он баъзе мушкилиҳо низ ҷой доранд, ки рафъи онҳо барои рушди соҳа мусоидат менамояд. Норасоии имкониятҳои молиявӣ ба раванди сари вақт обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида монеаҳо пеш меорад. Тибқи нақша ба таври зарурӣ ҷудо нагардидани маблағҳо барои иҷрои барномаҳои давлатии соҳа, нокифоя будани он ҷиҳати нигаҳдошти саддҳову обгардонҳо, иншооти фарсудаю корношоями зидди обхезӣ, норасоии техникаву механизмҳои муосири заминкан ва  сари вақт пардохт нагардидани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ аз масъалаҳои ҳалталаб мебошанд. Бо сабаби пурра пардохт нашудани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ аз тарафи баъзе хоҷагиҳои кишоварзӣ ва истифодабарандагон бақияи қарзи он соли ҷорӣ дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба 21,6 миллион сомонӣ ва бо дар назардошти солҳои пешӣ ба 126 миллион расидааст.
Ба гуфтаи Холмурод Раҳмон, барои беҳбудии кори соҳа, пеш аз ҳама, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати сари вақт пардохт намудани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ, инчунин, ҷудо намудани маблағҳо аз буҷети маҳаллӣ ҷиҳати беҳбудии  ҳолати мелиоративии заминҳо чораҷӯӣ намоянд.
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2018    №: 250    Мутолиа карданд: 924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед