logo

номаҳо

ТИБРО БА ТИҶОРАТ ТАБДИЛ НАДИҲЕМ!

Хизматрасонии тиббӣ дар бахши дандонпизишкӣ бо он ки камбудиҳои зиёд дорад, боз гаронарзиш ҳам мебошад. Фикр мекунам, ҷоиз нест, ки соҳаи мазкур ба тиҷорат табдил ёбад.

Сарвари кишвар таъкид намуданд, ки аз 254 муассисаи табобати дандон ҳолати чанде нигаронкунанда аст ва андешидани тадбирҳои заруриро мехоҳанд. Риоя кардани қоидаҳои санитарӣ ва тавсияи дорувории дуруст бояд барои ҳар як табиби ихтисосманди соҳа шарти аввалини фаъолият бошад. Ҷои инкор нест, ки баъзе табибон бо камсаводиву бетаҷрибагиву бемасъулиятии худ дар рафти муолиҷаи дандон чанд беморӣ ё вируси дигарро ба беморон интиқол медиҳанд.
Аз ҷумла, бо мо ҳам ҳамин ҳолат рух дод. Бемори мо низ баъди табобати дандон дар лабаш сӯзиш пайдо шуда, ҳолаш бад шудан гирифт. Шукр, ки ҳанӯз табибони ботаҷрибаю боинсоф ҳастанд. Яке аз онҳо марди хайрхоҳу ботавозӯъ ва бофаросату бофарҳанг Маҳмадулло Қосимзода аст. Ӯ дар Пажӯҳишгоҳи илмиву клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба ҳайси мудир фаъолият мебарад. Аз  вохӯрии нахустин эҳсос кардем, ки ӯ марди баинсоф аст ва барояш табобат даҳҳо маротиба муҳимтар аз тиҷорат аст. Хушмуомилагӣ ва донишмандиву  тавозӯии ин мард барои аксар табибон намунаи ибрат аст. Ин пажӯҳишгоҳ тозаву бонизом мебошад. Ҳуҷраҳои беморон тозаву шароити лозима мавҷуд аст. М. Қосимзода моро хеле дилбардорӣ намуда, бовар бахшид, ки ин дардро рафъ кардан мумкин аст.
Аз рӯи мушоҳидаҳо чунин ба назар мерасад, ки аллакай даҳҳо нуқтаҳои дандонпизишкӣ баста шудаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастури Роҳбари давлат амри хайреро ба иҷро расонда истодааст. Доруҳо ва сифату муҳлати онҳо санҷида мешаванд. Тарафдори он ҳастем, ки табибони камтаҷриба бо тақдири мардум бозӣ накунанд.
Дар охир, хоҳиш мекардем, ки Хадамоти давлатии санитарӣ ва дигар сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назоратро аз болои ин  гуна нуқтаҳо ва ашхосе, ки тибро ба тиҷорат табдил додаанд, пурзӯр намоянд.
Ҳабибулло ҚУТБИДДИНОВ,
сокини ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 2546
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед