logo

порлумон

МОДЕЛИ НАВИ ПЕШГӮӢ Ё ТАСВИБИ СОЗИШНОМАҲОЕ, КИ БА ТАТБИҚИ ЯК ТАРҲИ МУҲИМ НИГАРОНДА ШУДААНД

Бо мақсади насби дастгоҳҳои назоратӣ ва низоми огоҳонӣ, инчунин, таҳияи модели нави пешгӯии обхезиҳо барои ноҳияҳои пилотии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Панҷ, Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон, Шамсиддини Шоҳин тарҳи тозае рӯи даст гирифта шуд.

Дар ин робита вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома- Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ – маблағгузории иловагӣ»,  Созишномаи грантӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ – маблағгузории иловагӣ» - ро ба маблағи умумии 11,5 миллион доллар баррасӣ ва тасвиб намуданд.
Қаҳҳорзода Файзиддин, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 декабр зимни тавзеҳи созишномаҳо дар Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки ин маблағ, ҳамчунин, барои такмили ихтисоси мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба системаҳои огоҳонӣ вобаста ба обхезиҳо, пешгӯӣ ва омодагиҳо ба ҳолатҳои фавқулода, сохтмони се бинои алоҳида барои фаъолияти агентӣ ва ду бинои 11 - ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони соҳа, дастгирии ҳуқуқӣ ҷиҳати такмили низоми идоракунӣ масраф мешаванд.
Вазири молия афзуд, ки татбиқи лоиҳа маҷмӯан ба рушди соҳа, бахусус барои дастрасӣ ба таҷҳизоту барнома ва технологияҳои муосири соҳавӣ, пешгӯии саҳеҳи вазъи обу ҳаво, идораи босамари захираҳои обии кишвар, амалӣ гардондани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода, рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар гардондани шароити кормандони соҳа мусоидат хоҳад кард. Амалишавии лоиҳа аз соли 2018 ба нақша гирифта шуда, то соли 2023 идома меёбад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 1628
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед