фарҳанг
ВОРИСОНИ ҶОМИВУ НАВОӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дӯстии миллатҳои тоҷику ӯзбек фармудаанд: "Эҷодиёти шахсиятҳои бузурги илму адабу фарҳанг, ки барои тоҷикону ӯзбекҳо мояи ифтихори муштараканд, сармояи воқеан пурарзиши маънавии халқҳои мо мебошанд. Дар садри ин бузургон, албатта, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд”. Дар партави ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан» – и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки он ба масоили равобити адабӣ миёни ин ду халқ бахшида шуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессор Ҷамшед Ҷӯразода зимни суханронии хеш ба таърихи дӯстии ин ду миллат руҷӯъ кард. Таъкид шуд, ки дар саргаҳи ин дӯстӣ Абдураҳмони Ҷомӣ ва Навоӣ меистанд. Нигоҳи онҳо ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ, ба масъалаҳои хайру шар, адлу зулм, некию бадӣ, ҷангу сулҳ, адабиёту ҳунар ва амсоли инҳо ба ҳамдигар иртиботи қавӣ дошт.
Сипас, адабиётшиноси маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ваҳҳоб Раҳмонов дар мавзӯи “Андар матншиносии осори адабии суханварони пешин” маърӯза кард. Ба қавли мавсуф адабиёти ӯзбекро бе адабиёти тоҷик тасаввур кардан имконнопазир аст. «Барои дарку маърифати назму насри адабиёти ӯзбек донистани таърих, назария ва хусусиятҳои адабиёти тоҷик ҳатмист», - таъкид намуд олим.
Баъдан дар мавзӯи “Рушди адабиёти ӯзбек дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Абдусалом Абдуқодиров, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, суханронӣ карда, аз фаъолияти суханварони ӯзбекзабони Тоҷикистон маълумот дод.
Дар минбари шеъри маҳфил суханварон Солеҳа Олимова, Султонмурод Ҳоҷибоев, Мунаввара Ойматова, Ҷамшед Пиримов, Тӯтинисо Юсуфбекова, Эгамназар Соҳибназаров, Шариф Нуриддин ва дигарон аз ашъори тозаэҷодашон шеърҳо қироат намуданд.
М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2018 №: 251 Мутолиа карданд: 932