энергетика
ЭНЕРГЕТИКА. РУШДИ СОҲАЕ, КИ ОЯНДАСОЗ АСТ
Омӯзиши захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, сохтмони аввалин неругоҳҳои барқи обӣ ва инфрасохтори дигари соҳа дар кишвар аз солҳои сиюми асри гузашта шурӯъ гашта, аввалин неругоҳи барқи обии кишвар НБО "Варзоб" охири соли 1936 бо иқтидори 3720 кВт ба истифода дода шуд.
Солҳои 1949 ва 1952 бошад, неругоҳҳои "Варзоб – 2" (14,4 ҳазор кВт) ва "Варзоб – 3" (3,52 ҳазор кВт) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳарчанд иқтидори иншооти мазкур дар муқоиса ба неругоҳҳое, ки имрӯзҳо сохта мешаванд, хеле кам аст, барои он давра дастоварди калон ба шумор мерафт ва боиси тараққиёти соҳаҳои гуногун гардид. Баъдан, неругоҳҳои "Қайроққум", "Норак" - у "Бойғозӣ" ва як қатор неругоҳҳои дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии барқро дар кишвар афзун намуданд.
Қобили зикр аст, ки пас аз бадастовардани Истиқлолияти давлатӣ, дар натиҷаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат марҳилаи сифатан нави рушди соҳаи энергетика оғоз гашт ва дар ин давра неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ва садҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта шуданд. Ҳамзамон, таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда, ки яке аз масъалаҳои муҳими соҳа ба шумор мераванд, ҳалли худро пайдо карда, дар ин замина таъмири неругоҳҳои "Норак", "Қайроққум", "Сарбанд" ва "Варзоб" шурӯъ гардид. Аллакай, то ин дам дар доираи таҷдиди НБО "Норак" чархаи кории агрегатҳои № 3 ва № 8 нав гардид ва тамоми таҷҳизоти дастгоҳи тақсимотии кушодаи 220 кВ бо асбоби муосири элегазии ДТПЭ – 220 кВ ва дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ бо таҷҳизоти замонавии элегазии ДТПЭ – 500 кВ иваз гашта, бори аввал дар таърихи неругоҳ дарбанди куравӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Бунёди хатҳои барқи баландшиддати «Ҷануб – Шимол», «Лолазор – Хатлон», «Хуҷанд – Айнӣ», «Сангтӯда – Лолазор», «Сангтӯда – НБО «Сарбанд», «Қайроққум – Ашт», “Роғун – Душанбе – 500” “Айнӣ – Панҷакент”, навсозиву ивази зеристгоҳҳои куҳна бо зеристгоҳҳои пурқудрат ва барқарорсозии шабакаҳои барқӣ вазъи таъминоти неруи барқро дар ҷумҳурӣ бамаротиб беҳтар намуданд. Дар ин давра ифтитоҳи хати интиқоли барқи 500 кВ-и «Ҷануб – Шимол» хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро он ба системаи ягонаи энергетикии кишвар асос гузошт.
28 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент баъди таҷдиду навсозӣ хати интиқоли барқи 220-киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқи «Рӯдакӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ин мушкилоти бо барқ таъмин кардани шаҳри Панҷакент ва атрофи онро пурра бартараф сохт.
Дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, 12 майи соли 2016 бо иштироки сарварони Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон татбиқи Лоиҳаи минтақавии неруи барқи CASA – 1000 оғоз ёфт, ки дар он саҳми бузурги Тоҷикистон бармало эҳсос мешавад.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек аз нав ба роҳ монда шуд ва 2 апрели соли 2018 тавассути зеристгоҳи Регар интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя оғоз ёфт. Ҳоло роҳбарият ва мутахассисони Ширкати саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» бо дастгирии Ҳукумати кишвар ҷиҳати пайваст шудан ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки тавассути Ӯзбекистон мегузарад, саъю талош доранд. Дар ин ҷода масъулону кормандони соҳа як қатор корҳои таъмиру барқарорсозиро ба сомон расонданд ва ояндаи наздик кишвари мо ба он боз пайваст хоҳад гашт ва, дар ин замина, ҳамкориҳо бо энергетикҳои Осиёи Марказӣ тавсеаву тақвият хоҳанд ёфт.
Ба истифода додани агрегати якуми НБО "Роғун" 16 ноябри соли 2018, ки маҳз ба шарофати саъю кӯшишҳои хас-танопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ки аз дастовардҳои бузургтарини миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, бешубҳа, ҷиҳати ба кишвари муқтадири энергетикӣ табдил ёфтани Тоҷикистони азизамон уфуқҳои нав ба нав мекушояд.
Мирзо ИСМОИЛЗОДА,
раиси ШСХК “Барқи Тоҷик
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2018 №: 251 Мутолиа карданд: 13958