logo

иқтисод

ШАҲРИНАВ. МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ

Дар ноҳия  ба муносибати  омодагиҳои ҳамаҷониба ба Ҷашни фархундаи  30 - солагии Истиқлолияти  давлатӣ чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ ривоҷ гирифта, ҷиҳати некуаҳволии сокинон ва рушди иқтисодию иҷтимоии он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар марказу деҳоти ноҳия  аз ҷониби мардуми меҳнатқарин корҳои таъмиру азнавсозӣ ва бунёди иншооти нав вусъати тоза касб намудаанд. Ин аст, ки ноҳия симои худро ба таври чашмрас тағйир дода, маркази он хеле хуштарҳу зебо менамояд.  Доир ба самари  иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати ободонию пешрафти ноҳия ва ҷараёни бунёдкориҳо Нусратулло Аюбзода, раиси ноҳия, чунин изҳор дошт:
- Пеш аз ҳама, ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  ба кор даровардани агрегати якуми НБО «Роғун» ва Тоҷикистонро ба мамлакати содироткунандаи барқи обӣ табдил додан арзи сипос ва миннатдории самимии мардуми ноҳияро мерасонам. Аз ин амали нотакрори Пешвои миллат мо, сокинони ин диёри куҳан,  хушнуд буда, дастоварди мазкур ба мо  дар роҳи саҳмгузорӣ ба пешрафту шукуфоии ҷумҳурӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Рушди бахшҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия низ аз дастуру супоришҳои Президенти мамлакат сарчашма гирифтааст. Соли  2006 Сарвари давлат  зимни сафари корӣ  ба ноҳия дастур доданд, ки ин диёри бостониро обод намоем. Ҳамчунин, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти ноҳия оид ба омодасозӣ ва  татбиқи босамари «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015»  супориши мушаххас доданд. Маҳз  ҳамин барнома имкон дод, ки деҳоти ноҳия симои худро дигаргун намояду корхонаю муассисаҳои хурду бузург бунёд гарданд.Дар соҳаи маориф дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Ҳоло 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Тайи се соли охир мо саъю кӯшишро ба беҳбудии ин соҳа бахшидем.
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 майи соли 2018 «Дар бораи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба раванди созандагиҳо такони ҷиддӣ бахшид.  Ин иқдоми наҷиб аз ҷониби сокинони ноҳия ҳамовозии  ҳамаҷониба ёфта, бунёди беш аз 220 иншоот ба нақша гирифта шуд. Имрӯз кор дар ин самт бомаром идома дорад. Аз 220 иншооте, ки ба бунёдаш оғоз бахшидем, бештари онро муассисаҳои соҳаи маориф ташкил медиҳанд.
Соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша дар маъракаи омодагиҳо камари ҳиммат баста, дар бунёди ҳамаи  иншоот саҳм доранд. Аз ҷумла, дар арафаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ  бо иштироки намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини роҳбари  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Исматуллозода 9 иншоот ба истифода дода шуд. Аз ин бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45 дар деҳаи Шарифободи Ҷамоати деҳоти Шаҳринав аз ҷониби соҳибкор Ҷӯрабек Сафаров, кӯдакистони хусусӣ барои 80 нафар дар маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкор Мавлуда Назарова, ҳамчунин, бинои мактаб дар деҳаи Зафар, се майдончаи варзиш, ду маркази савдо, як маҷмаи хизматрасонӣ иборат аз чойхона, кошонаи ҳусн ва коргоҳи дӯзандагӣ дар деҳаи Муллошодӣ,  маркази инкишофи кӯдакон дар деҳаи Чузӣ мебошанд. Ҳамчунин, мумфарш намудани 1,5 километр роҳи деҳаи 8 марти Ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов, бунёди мағозаи қисмҳои эҳтиётӣ ва коргоҳи таъмири автомобил дар деҳаи Қадиҷӯйбори Ҷамоати деҳоти Сабо низ аз ҷониби соҳибкорон сурат гирифтааст. 
Саҳми падару модарони  хонандагон низ дар бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ зиёд аст. Ҳоло дар 7 мактаби ноҳия  сохтмони  бино ва иншооти дигар  идома дорад, ки маҳз бо дастгирии аҳолӣ ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби бошандагони  деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти Истиқлол  азнавсозии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 амалӣ шуда истодааст. Муассиса аз ҷиҳати шумораи хонандагон дар ноҳия калонтарин буда, дар он синфхонаҳо намерасиданд. Дар шафати муассиса бинои собиқи идораи хоҷагӣ бо толори калони фарҳангӣ ба вайрона табдил ёфта буд. Ин бино ба тавозуни шуъбаи маорифи ноҳия гузаронда шуду аҳолии деҳа дастаҷамъона ба таъмиру азнавсозии он пардохтанд. Чунин бунёдкориҳо  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № № 27, 53 ва чанде дигар  идома доранд. Дар оянда аз ин ҳисоб 104 синфхонаи иловагӣ барои муассисаҳои таълимӣ муҳайё хоҳад шуд. Дар соҳаи тандурустӣ низ саҳми соҳибкорони эҳсонкор ва аҳолӣ зиёд аст. 
Ҳоло қариб деҳае нест, ки дар он мардум кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳаммом, коргоҳи дӯзандагӣ, майдончаи варзиш, мағоза ё дигар иншоот насозанд. Иншоот дар заминҳои ғайрикишоварзӣ бунёд ёфта, ҳуҷҷат ва лоиҳаи бунёди онҳо таъҷилан ва ройгон омода карда мешаванд.
Сохтмон дар  иншооти банақшагирифта оғози кор аст. Дар муҳлати боқимонда мутмаинам, ки ин рақам боз зиёд мешаваду марказу  деҳоти диёрамон боз ҳам зебову шукуфон мегарданд.
Бо ҷаҳду талоши пайвастаи мардуми заҳматпешаи ноҳия имсол дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт натиҷаҳои баланд ба даст омаданд, ки онҳо ба пешравии корҳои ояндаамон дар ҷодаи ободкорию созандагӣ мусоидат менамоянд.  Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликияташон ба маблағи  қариб 17 миллион  сомонӣ (141,8 дарсад) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 миллион  сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот асосан аз ҳисоби корхонаҳои  ҶДММ «Сангрезаи Шаҳринав», ҶСШК «Шаҳринав», ҶДММ «Сафо - 2015», ҶДММ «Ғафур Пласт»  таъмин гардид.
Ҳамчунин, зиёдшавии  маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои  хоҷагидорӣ 103 дарсадро ташкил намуд. Махсусан, сабзавот, картошка, меваю ангур, шир, гӯшт аз порсола бештар истеҳсол гардида, ҳосилнокии ҳар гектар пахтазор  ба 22 сентнер расид.
Чунин дастовардҳои чашмрас  аз дастгирию ғамхориҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сокинони ноҳия маншаъ гирифтааст, ки моро боз ҳам ба амалҳои созандаю натиҷабахш водор менамояд.                                      
Матлубаи  АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед