logo

маориф

ТАЪЛИМ. ТО ҲАМҚАДАМИ ЗАМОНА БОШЕМ...

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз даргоҳҳои калонтарини таълимии ноҳия буда, дар он 154 омӯзгори соҳибтаҷриба бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ дарс мегӯяд. Хонандагони муассиса хоса чанд соли охир дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ширкат ва ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд.
Дар муассиса ду синфхонаи лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ,  чор синфхонаи технологияи иттилоотӣ, маҳорати ҳарбӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё, биология, китобхона, толори варзиш, ошхона, майдонча барои машқҳои варзишӣ ва ҳуҷраи ёрирасон мавҷуданд, ки барои беҳтар гаштани раванди таълим пешбинӣ шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки хонандагон дар раванди таълим бо истифода аз технологияи нав, аз донишҳои бештар ва таълими замонавӣ бархӯрдор гарданд.
Замоне дарсҳои таълими меҳнатро аз сабаби набудани таҷҳизоти зарурӣ устодон назариявӣ меомӯхтанд. Хушбахтона, ҳоло барои ин фан 3 синфхонаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуданд, ки хонандагон дар баробари таълими босифат ҳунарҳои гуногунро аз худ мекунанд. 
Бояд гуфт, ки таълими салоҳиятнокӣ -  низоми нави таълим  буда, барои самаранок гардидани таълим дар муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ шуд. Агар дар таълими анъанавӣ мақсади дарсро асосан маҷмӯи дониш, малака ва маҳорате, ки муҳтавои дарсро ташкил медиҳад, фаро мегирад, дар низоми таҳсили салоҳиятнок таваҷҷуҳ бештар ба он равона мешавад, ки хонанда донишҳои андӯхтаашро дар ҳаёт чи тавр татбиқ менамояд. Дар муассисаи мо он аллакай натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Мушоҳидаҳои ҳамарӯза нишон медиҳанд, ки лаёқати суханронӣ ва донишандӯзии мустақилонаи шогирдони мо беҳтар гашта истодааст.
Ҳама гуна дигаргуние, ки имрӯз дар соҳаи маориф ба вуқӯъ пайваста истодааст, танҳо ба хотири мувофиқи талаботи рӯз ба роҳ мондани  таълиму тарбия ва ба камол расондани фарди донишманд, худшиносу худогоҳ мебошад. Ба ин хотир, ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати кишвар бояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҳамкории таълимгоҳу волидонро аз пештара ҳам мустаҳкам  ва дар тарбияи ҷавонони донишманд, ки барои ояндаи кишварамон заруранд, мусоидат намоем.
Хайринисо САИДОВА,
омӯзгори МТМУ № 24 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2018    №: 252    Мутолиа карданд: 942
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед