фарҳанг
Бобо Назари Ғафор. ОЛИМИ САТҲИ ҶАҲОНӢ
Аввалҳои солҳои 80 – уми асри гузашта ходимони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон Бобоназари Бобохон (Бобо Назари Ғафор) ва Додихудо Саймиддинов пас аз анҷоми давраи коромӯзӣ ва хатми аспирантура аз шаҳрҳои Ленинград ва Москва ба Душанбе баргаштанд. Ин ҷавонони воқеан илмдӯст бо азми росих дар иҷрои нақшаҳои илмии худ талош меварзиданд, бо ҳамон неруи дониши худ дар семинару конфронсҳову симпозиумҳо пиромуни мушкилоти мубрами эроншиносӣ ва фаротар аз он, суҳбат меоростанд.
Мавзӯи баҳси Бобо Назари Ғафор ағлаб ба ҳалли проблемаҳои доираи забонҳои ҳиндуаврупоӣ иртибот мегирифт, бо истинод ба забонҳои Юнони бостон, Ҳинди бостон, форсии қадим ва Ависто андешаҳои хешро мустанад иброз медошт. Аз маърӯзаҳои пурмуҳтавои ӯ ҳозирон дар шигифт ҳам мемонданд, зеро акнун тоҷикеро медиданд, ки монанди ховаршиносони маъруф М. Н. Боголюбов, В. А. Лившитс, И. М. Оранский, В. С. Расторгуева, Л. Г. Герсенберг, С. Н. Соколов дақиқу фасеҳ суханронӣ мекард.
Бобо Назар назди мо, алоқамандони таърихи забон, эҳтиром дорад, ҳастии ӯ мояи ифтихори мост. Бо таълифоти пурарзишаш ошно ҳастем. Мавсуф мегӯяд: «Нахостаам ҷуз забономӯзӣ вақтро ба кори дигар гузаронам. Ҳоло ба такмили забонҳои омӯхтаам машғулам. Такмили забон ин асареро ба тоҷикӣ ё русӣ баргардондан ва, ҳамзамон, пажӯҳише дар он забон анҷом додан, маводи ҳирфавиро аз он забон фароҳам овардан аст. Бегумон, агар он забони соҳибхати куҳан бошад. Пиромуни таъриху фарҳанги скифҳо бо шарҳу тавзеҳи муфассали таърихӣ - этнографӣ, географӣ - орографӣ, лингвистӣ - этимологӣ асареро ба тоҷикӣ баргардондам. Ва тақрибан 130 – 140 этимологияи нав ҳам пайдо кардам. Дигар, ҳар сол чанд ҳафта барои фаро гирифтан ба такмили забони Ависто машғул мешавам, аз пойгоҳи тоза пажӯҳидан мехоҳам. Ба пиндори ман, бе Ависто дониши пурраро дар таърихи дину мазҳабҳои машҳури дунё соҳиб шудан мумкин нест. Суфизм аз ҳама бештар ба омӯзиши Ависто ниёз дорад. Ин нуктаро бо китоби тозаэҷодам бо унвони «Прилйудиаи Маснавӣ» росих гардондаам».
Бобо Назар забономӯзиро мисли эҷоди мусиқӣ ва шеър медонад. Забонҳои лотинӣ, англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ, юнонӣ, италиянӣ, испанӣ ва туркиро пурра фаро гирифтааст. Забони русиро чун забони модариаш медонад. Дар навиштаҳояш барои қиёс ба забонҳои скандинавӣ ва ирландӣ ва монанди инҳо ҳам руҷӯъ мекунад.
Аз феҳристи таълифоташ бармеояд, ки нахуст ба тарҷумаи илмӣ пардохта, пасон ба баргардонҳои бадеӣ даст задааст. Осори илмии ба тоҷикӣ нашркардаи ӯ, ба монанди «Номаҳои Бостон» (нашрияи ДМТ, 2010), «Шоири Хуросон» («Ирфон», 2010), «Кеши зардуштӣ» («Ирфон», 2011) дастраси мост. Ҳам медонем, ки «Куҳан Ависто», «Зардуштизм протомонотеизм аст ё нахустмонотеизм?» ва «Дар Наврӯз ва солҳои нави ирониён» (ба забонҳои форсӣ - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ном китобҳояш омодаи чоп мебошанд.
Дар мавриди корҳои дигари илмиаш афзуд, ки: «Соли 2010 ба эҷоди силсилае ба унвони «Империяи фарҳангии тоҷикон» шурӯъ кардам. Ин силсила бо номи «Аз Гандҳара то Данғара» оғоз шуда, китобчаи нави ман - «Тоҷик» аз ҳамин силсила аст».
Навиштаҳои олим фарогир, пурмуҳтаво ва фасеҳанд, ҷуз мабоҳиси забон баёни масоили фарҳангиву фалсафӣ, таърихиву географиро низ дар бар доранд.
Сулаймон АНВАРӢ, устоди ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2018 №: 252 Мутолиа карданд: 923