logo

порлумон

БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД" ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД ШУД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасии вакилони мардумӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки тағйироти пешниҳодгардида фарогири шаш моддаи қонуни амалкунанда буда, дар баробари хусусияти майлкунандаву мутобиқаткунанда, дорои хусусиятҳои танзимкунанда низ мебошанд, ки он уҳдадориҳои падару модарро дар тарбияи фарзанд, аз қабили бартарияти манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ, мусоидат ба интихоби касб, омӯзондани асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрвандӣ ва муошират пешбинӣ менамояд.
Тибқи гуфтаи Ҷаббор Аҳмадов, вакил, тағйирот  ба моддаи 9 зарур ва саривақтӣ  буда, он нофаҳмиҳое, ки дар қонуни амалкунанда ҷой дорад, бартараф мегардад. Тибқи қонуни амалкунанда волидон уҳдадор ҳастанд, ки таълими фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд. Мавсуф ёдрас шуд, ки яке аз сабабҳои  ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҷалб гардидани ҷавонон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва бесарусомонӣ сафари ғайрирасмии онҳо барои гирифтани таълимоти динӣ ба Эрон, Покистон, Афғонистон ва Миср мебошад. Минбаъд онҳо барои паҳн кардани ақидаи гурӯҳҳои тундрави иғвоангез ҳамчун ташвиқотчӣ истифода мешуданд. Гарчанде 3520 нафар ба Ватан баргардонда шуда бошанд, боз 289 нафари дигар таҳсили ғайрирасмии худро дар хориҷи кишвар идома медиҳад. Иловатан,  баъзе аз хатмкардаҳои хориҷи кишвар ҳамчун хатиб ва имомхатиб дар масҷидҳои кишвар фаъолият намуда, бо гурӯҳу ташкилотҳои экстремистӣ алоқа ва ҳамкорӣ доштанд. Дар давоми солҳои 2016 – 2018 22 нафар имомхатиб барои алоқаҳои пинҳонӣ бо ташкилотҳои террористӣ ба даст афтод. Маҳдудияти  дар моддаи мазкур пешбинишуда ҷавобгӯи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 18 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад, ки он бо мақсади таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқи ҷомеа нигаронда мешавад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2018    №: 252    Мутолиа карданд: 1898
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед