logo

иқтисод

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. НИШОНДОДҲО ДАЛЕЛИ ПЕШРАФТАНД

Ноҳияи Восеъ тайи чанд соли охир, ба шарофати  заҳмати созандаву бунёдкоронаи бошандагонаш боз ҳам ободу зебо гардида, тамоми бахшҳои хоҷагидорӣ беш аз пеш рушд меёбанд.
Натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии он дар нуҳ моҳи соли равон бозгӯи он аст, ки сокинони меҳнатқарини ноҳия, чун тамоми заҳматкашони ҷумҳурӣ, кӯшиш ва ғайрати худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона карда, давраи сипаришударо бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.    
Тавре муовини раиси ноҳия Сабур Султонов иброз дошт, тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба буҷети маҳаллӣ  беш аз 24 миллиону 34 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 53,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, истифодаи самараноки замин, воситаҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва захираю имкониятҳои мавҷуда рушду равнақи бахшҳои иҷтимоию иқтисодиро таъмин карда, ба ғанӣ гардидани буҷети ноҳия мусоидат намуд. Ҳамин аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол меафзояд. Аз ҷумла, дар ин муддат  тавлидоти маҳсулоти саноатӣ 54 миллиону 101,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта қариб ду миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дастоварди кишоварзони ноҳия низ  қобили таваҷҷуҳ аст. Онҳо дар майдони 26 859 гектар ғалладонагӣ, зироатҳои техникӣ, сабзавот, полизӣ, картошка ва хӯроки чорво кишт намуда, ҳосили фаровон ба даст оварданд. Ин имкон дод, ки ба хориҷи кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 тонна маҳсулот бештар содир гардад.
Ҳамзамон, бо ҷои кор таъмин намудани сокинони ноҳия таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии масъулин қарор дорад. Тавре аз шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия иттилоъ доданд,  дар ин давра ба шуъба 1203 корҷӯ муроҷиат намуда, 936 нафар бо ҷои кор таъмин гардид. Ҳамин тадбирандешӣ ва ғамхориҳои масъулин аст, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ сол ба сол коҳиш меёбад.
Ин ҳама комёбиву муваффақиятҳои бадастомада ҳанӯз аввали коранду сокинони меҳнатқарини ноҳия ҷиҳати боз ҳам ба натиҷаҳои бештар ноил гаштан, саъю кӯшиши зиёд намуда, баҳри ба кишвари пешрафтаву мутараққӣ табдил ёфтани  Ватани маҳбубамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Комрон САФАР, Бахтовар КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2018    №: 252    Мутолиа карданд: 870
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед