logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Саҳми Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов дар рушди театру илми театршиносӣ дар кишварамон хеле бузург аст.  Муҳаққиқ аз лаҳзаҳои нахустини таъсиси Институти таърих ба ҳайси ходими илмии муассисаи мазкур фаъолият намудааст. Дар солҳои нахустини фаъолияти илмии хеш муҳаққиқ дар экспедитсияҳои мардумшиносӣ фаъолона ширкат варзида, доир ба маросими тӯй, бозӣ, тамошо ва саргармиҳои театрии мардуми навоҳии Ғарм таҳқиқот гузаронд. Маводи ҷамъоварда ва таҳлилнамудааш дар маҷмӯаи сеҷилдаи «Тоҷикони Қаротегину Дарвоз» дарҷ ёфт.
Дар байни асарҳои офаридаи муаллиф, асари дуҷилдаи «Таърихи театри советии тоҷик» ва «Театри тоҷик» мақоми хосро касб намудаанд. Ҳамчун, солноманигори ҳақиқӣ муаллиф таърихи ҳар театрро дар маҷмӯъ ва ба таври алоҳидагӣ ва давра ба давра барқарор намуда, дар қатори бозгӯ намудани номи саромадони театри касбии тоҷик ба садҳо воқеаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии тоҷик рӯшанӣ андохтааст.
Аз асарҳои нахустини Н. Ҳ. Нурҷонов бармеояд, ки олим дар рафти баҳодиҳӣ ба ҳунари иҷроишии актёрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дақиқкорона барқарор шудану тасвир гаштани ҳар нақши алоҳида ба мунаққид имкон додааст, ки дар рисолаҳои алоҳидаи ба ҳаёту фаъолияти ҳунармандони театр бахшидааш махсусияти ҳунарии ҳар яки онҳоро ба таври нишонрас ва мӯъҷаз нишон диҳад. Ба ин гуфтаҳо асарҳои роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти М. Қосимов, А. Бурҳонов, Т. Фозилова, Ҳ. Раҳматуллоев, Г. Бақоева, Ҳ. Гадоев, С. Тӯйбоева, Х. Назарова, М. Собирова ва Ф. Қосимов офаридаи устод мисоли равшан шуда метавонад.
Махсусияти ҷолиби ин қабил асарҳои олим дар он аст, ки ӯ ҷиҳатҳои фарқкунандаи ҳар санъаткорро дақиқ, ҷолиб, нишонрас ва бо далелҳои қотеъ инъикос менамояд.
Дар асарҳои олим ду равияи асосии фаъолияти эҷодии ӯ ҷило медиҳад. Яке аз онҳо ба усули мардумшиносӣ, ки ба таври дақиқу нишонрас тасвир намудани ҳар як амалу ҳолатро тақозо дорад, побарҷо буда, дигар усули ифшо аз таҳлилу хулосабарориҳои театршиносӣ маншаъ мегирад. Ин аст, ки муҳаққиқ ҳамчун саррофи гавҳаршинос миёни анбуҳи саргармиҳои мардумӣ намунаҳои барҷастаи ҳунарии онро аз қабили театрҳои пантомим, рақс, майдонӣ ва корвонҳои шодии ҳунарӣ сара карда, бо ҳусну ҷилои нав тақдими ҳаводорони ҳунар мегардонад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти устодро дар тӯли тамоми фаъолияти илмиаш нақди театрӣ ташкил медиҳад. Тамоми эволютсияи санъати театрӣ ва афкори театршиносии тоҷикро метавон маҳз аз рӯи ҳамин самти фаъолияти устод барқарор сохт.
Санъатшинос солҳои тӯлонӣ дар матбуоти даврӣ оид ба масоили муҳими драматургияи миллӣ хони баҳс ороста, ҳамвора вазифаи таҳқиқу нақди онро ба сомон расондааст. Беҳтарини онҳо дар маҷмӯаи мақолаҳои олим бо унвони «Рангомезиҳои саҳна» гирд оварда шудаанд, ки соли 1983 тариқи интишороти «Ирфон» ба дасти чоп расид.
Ба ибораи дигар бо эътимод метавон гуфт, ки Н. Нурҷонов театршиносиро ба шохаи қавии санъатшиносӣ мубаддал гардонд, мактаби театршиносии миллӣ ба вуҷуд овард ва нақди театриро такомул бахшид.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 1221
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед