logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ЭҲЁИ ДУБОРАИ ОНҲО

Ҳунарҳои халқӣ ва навъҳои гуногуни онҳо дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хосса дошта, аз падидаҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ба шумор мераванд. Ҳунар ба ҳаёти инсон алоқаманд буда, ҳисси зебоипарастии ҳар як шахсро таҷассум менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар фарҳанги суннатии тоҷикон  намунаҳои ҳунар ва анъанаҳои зиёде мавҷуданд.  Аммо, чанд соли охир бисёре аз онҳо фаромӯш шуда буданд.

Хушбахтона,  бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ин ҳунарҳо дубора эҳё шуданд. Хусусан, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар рушду эҳёи ҳунарҳи миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар доираи татбиқи иқдоми Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо мактаби ҳунармандӣ ташкил шуданд. Ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, арзиши бештар пайдо намуданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ барои ҳифзу нигоҳдошти онҳо тадбири хеле муҳим мебошад. 
Таърих собит намуда, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буд. Намунаҳои нодири нақшу нигоре, ки бостоншиносон дар Панҷакенти қадим ва дигар мавзеъҳо дарёфтаанд, бозгӯи фарҳанги бою рангини гузаштагони мо ҳастанд. Масалан, ҳунари наққоширо гирем. Ин ҳунар, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, имрӯз низ миёни мардум хеле маълуму машҳур аст. Наққошони тоҷик анъанаҳои ҳунармандони гузаштаро идома ва санъати нақшофариниро такмил медиҳанд. Нақшҳои классикии тоҷикон аслан дар асрҳои миёна шакл гирифта, дар кишварҳои Шарқ аз ҷумла Миср, Туркия, Ҳиндустон паҳн шудаанд. Устоҳои наққош дониши фарох доштанд. Фанҳои махсус, аз ҷумла илми ҳандасаро, ки дастраси ҳар кас набуд ва ба омӯхтани он солҳои дароз сарф мешуд, хуб аз худ мекарданд. Ин ҳунармандон чунин нақшу нигорро бештар дар биноҳои пуршукӯҳ истифода мебурданд.
Кандакориву чӯбтарошӣ аз ҳунарҳои дигари  мардуми мо ба шумор мераванд. Ҳунари онҳоро дар сохтани табақу коса, гаҳвора, сутун мушоҳида мекунем. Онҳо барои ҳунармандон доира, дутор, асбоби нафасӣ, ғижак низ омода  месозанд.
Ҳунарҳои мардумӣ дар ороиши сарулибос, ҷиҳози хона низ мушоҳида мешавад ва вобаста ба маҳалҳо дар ороиши онҳо тағйири шаклу намуд кардаанд. Дигаргуние, ки дар сару либос мушоҳида менамоем, ба ин ё он минтақа вобаста аст ва ин омӯзиши махсусро талаб мекунад.
Ошноӣ бо тадқиқоти олимоне, ки дар ин самт кору фаъолият кардаанд ба хулосае меорад, ки ҳунару ҳунармандӣ дар асоси анъанаҳои миллӣ ташаккул ёфта, имрӯз ба шарофати дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат дар ҳоли рушд қарор доранд. 
Фирӯз АРАБЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 852
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед