logo

фарҳанг

РАВАНДҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ВА БИБЛИОГРАФИЯИ МИЛЛӢ

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ як қатор санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқию барномаҳои махсуси давлатӣ доир ба рушди соҳаи китобдорӣ қабул гардида, бомуваффақият дар амал татбиқ шуда истодаанд. Вобаста ба ин, таҳияи маводи соҳавӣ низ равнақу ривоҷ ёфтааст, ки нашри китобҳои илмиву оммавӣ, маводи силсилавӣ бахшида ба самтҳои ҷадиди китобдорӣ,  иттилоотшиносиву библиографияшиносӣ мисоли равшани он шуда метавонад. Фаъолияти библиографӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки иттилоърасонӣ ва оммавигардонии хониш дар байни ҷомеа шинохта шуда, ҳамзамон, яке аз бахшҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо мебошад. Имрӯзҳо бо пешрафти илму техника тамоми соҳаҳо дар ҳоли рушд ва шаклдигаркунӣ қарор доранд. Фаъолияти библиографӣ низ аз ин раванд барканор намондааст.
Чуноне ба ҳамагон маълум аст, библиография ҳамчун соҳаи фаъолияти илмиву амалӣ ба истифодабарандагон расондани иттилоот ба воситаи дастурҳои библиографӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, вазифаи  асосии библиография ба хонандагон иттиллоъ додан дар бораи осори чопӣ мебошад. Библиографҳои мо баҳри мутобиқ гардондани самтҳои афзалиятноки фаъолияти библиографӣ бо талаботи рӯзафзуни ҷомеа талош ба харҷ медиҳанд. Дар ин раванд саҳми мутахассиси варзидаи библиографияи тоҷик  Гадобек Маҳмудов хеле назаррас мебошад.
Таълифоти ҷадиди Г. Маҳмудов дар самти омӯзиши  фаъолияти библиографӣ “Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо” ном гирифтааст. Асари мазкур доир ба масоили назарӣ ва амалии библиография баҳс мекунад. Ҳамчунин, дар тадқиқот бо назардошти зарурати татбиқи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ – библиографӣ тавсияҳои муфид дода шудааст.
С. НАДИРОВ,
корманди илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 913
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед