logo

фарҳанг

АМИНҶОН АЗИМОВ СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

Озмуни “Акси беҳтарин”, ки он аз ҷониби  маҷаллаи “Сарзамин”, нашрияи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гашта буд, ҷамъбаст гардид.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Қурбон Ҳакимзода дар маросими ҷоизасупорӣ иброз дошт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ривоҷу равнақи соҳаи туризм ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ такони тоза бахшид.  
 - Мувофиқи маълумоти расонаҳои иттилоотии маъруфи олам, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар бозори сайёҳии ҷаҳон мавқеи намоён касб намуда, дар рейтинги ҷаҳонии «Глоб Спотс» ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин барои сайёҳии саргузаштӣ ворид шуд, ки боиси сарфарозии мост, - афзуд Қурбон Ҳакимзода.
Ширин Амонзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар навбати худ эълом гардидани озмуни “Акси беҳтарин”-ро дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ки Тоҷикистон дорои мавзеъҳои зиёде мебошад, ки месазад онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Ин озмунро, бешак, метавон яке аз воситаҳои муҳими муаррифии имкониятҳои  сайёҳии кишвар донист.
Тавре сармуҳаррири маҷалла Гулчеҳра Сатторзода зикр сохт, дар озмун аксбардорони касбию ҳаваскор ширкат варзида, аз манзараву табиати зебои Тоҷикистон ва дигар имконоти сайёҳии диёр қариб ҳазор акс пешниҳод намуданд.
Ҳамин тариқ, паз аз омӯзишу баррасӣ, ҷойи якум ва шоҳҷоизаи озмуни «Акси беҳтарин» бо 5 ҳазор сомонӣ насиби аксбардори шинохта Аминҷон Азимов гардид. Ҷойи дуюм бо 3 ҳазор сомонӣ ба Баҳодур Турсунов ва Комрон Комилзода, ҷойи сеюм ва 2 ҳазор сомонӣ ба Баҳром Ҷалилов, Баҳриддин Исамутдинов ва Шаҳриёр Олимӣ дода шуд.
Инчунин, даҳ нафар – Суҳайлӣ Қодирӣ, Неъматулло Алиев, Бахтовар Каримов, Боймурод Боев, Андар Раҳмонӣ, Далер Шарифов, Қувватхоҷа Қозиев, Муҳиддин Идиев, Ҷаъфар Шарифӣ ва Нурулло Ҳасанов, барои иштироки фаъолона дар озмун бо ифтихорномаҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Сарзамин” қадр шуданд.
Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 851
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед